Дар минтақаи Рашт бинои нави Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 9, 2024 13:20

ДУШАНБЕ, 09.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт бинои нави Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муҳайё гардидани шароити муосири корӣ ба боз ҳам сифатнок гаштани самти бақайдгирии ҷиноятҳо барои назорат ва муътадил нигоҳ доштани набзи ҷинояткорӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки кормандони Маркази иттилоотӣ дар самти бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо, шахсони ҷиноятсодиркарда, парвандаҳои ҷиноятӣ, дигар объектҳои баҳисобгирӣ ва варақаҳои оморӣ софдилона ва садоқатмандона фаъолият менамоянд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 9, 2024 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад