Дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон» ҳамоиши илмӣ-фарҳангии бошукуҳ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин мақомот хабар доданд.
Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе изҳор намуд, ки эҳтиром ва эътирофи арзишҳои миллӣ-маънавӣ, хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини мамлакат, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати саросарӣ ва болоравии мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ доранд.
Таъкид шуд, ки ворид кардани Рӯзи Президент ба тақвими санаҳои сиёсиву таърихии мамлакат тақозои давру замон ва хоҳишу мароми миллати тоҷик буда, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи муосири мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ин рӯз бозтоби ҳамдилию иттиҳоди халқи тоҷик буда, аз эътиқоду боварии самимӣ ба Пешвои миллат дарак медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он сарваронеянд, ки шахсияти сиёсиашон аз соли аввали ба роҳбарии давлат расидан моҳ ба моҳ ва сол ба сол рушд намудаву тақвият ёфта, имрӯз дар сафи бузургтарин сиёсатмадорони олам қарор доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






