Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим COP-29, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон идома дорад, аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбарони ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қатар ва Чин мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода шуданд. Дар доираи онҳо оид ба муҳимтарин ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи пиряхҳо маълумот дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар доданд, мулоқотҳо бо раиси COP-29 Мухтор Бабаев, вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар доктор Абдуллоҳ бин Туркӣ Ал-Субай ва муовини вазири экология ва муҳити зисти Чин Чжао Юнгмин баргузор гардиданд.
Баҳодур Шерализода дар чаҳорчӯби ин вохӯриҳо ба ҳамтоёни худ оид ба муҳимтарин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи пиряхҳо маълумот дод. Иброз гардид, ки ин ташаббус аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, дар қатъномаи дахлдор оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 расман сабт шудааст.
Раиси Кумита оид ба ҷараёни омодагии Тоҷикистон ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки моҳи майи соли 2025 пешбинӣ шудааст, маълумот дода, ҳайатҳои кишварҳои иштироккунандаро барои иштирок дар ин чорабинии муҳим даъват намуд.
Ин вохӯриҳо дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим қадами муҳим буда, аз пешсафии глобалии Тоҷикистон дар мавриди ташаббусҳои тағйирёбии иқлим ва об дарак медиҳанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






