Дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва мақоми омӯзгор пайваста дастуру супоришҳо дода мешаванд

Ноябрь 17, 2024 15:09

ДУШАНБЕ, 17.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масоили илм ва маориф, омӯзгор, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, танҳо дар паёмҳои 22 соли охир (солҳои 2002-2024) аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста таклифҳо, тавсия ва дастуру супоришҳо барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва мақому манзалати онҳо пешниҳод карда мешаванд.  Чунин иброз дошт ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода зимни баргузории ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф».

Таъкид шуд, ки масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон махсусан дар паёмҳои солҳои 2009, 2016, 2018, 2021, 2022 ва 2024 ба шакли муфассалу дақиқ инъикос гардидаанд.

Инчунин изҳор шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар маҷмуъ дар Донишкада ва филиалҳои он зиёда аз 571 ҳазору 854 нафар кормандони соҳаи маориф аз даврҳои такмили ихтисос гузаштанд. Танҳо соли 2023 40 ҳазору 224 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маориф маҳорати касбии худро ба тариқи даврҳои омӯзишию машваратҳои Донишкада ва филиалҳо такмил доданд, ки ин аз дастирию ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба омӯзгорону кормандони соҳа дарак медиҳад.

Масъалаи муҳим будани маҳорати касбии омӯзгоронро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос намуда, зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2023 дар ин хусус чунин иброз намуданд: «Шароити кунунии пешрафти илму техника талаб мекунад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз даврҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд».

Дар асоси ин бо фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ба моддаи 51, сархати 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (аз 20.06.2024) тағйирот ворид гардид.

АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Ноябрь 17, 2024 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд