Дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва мақоми омӯзгор пайваста дастуру супоришҳо дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масоили илм ва маориф, омӯзгор, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, танҳо дар паёмҳои 22 соли охир (солҳои 2002-2024) аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таклифҳо, тавсия ва дастуру супоришҳо барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва мақому манзалати онҳо пешниҳод карда мешаванд. Чунин иброз дошт ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода зимни баргузории ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф».
Таъкид шуд, ки масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон махсусан дар паёмҳои солҳои 2009, 2016, 2018, 2021, 2022 ва 2024 ба шакли муфассалу дақиқ инъикос гардидаанд.
Инчунин изҳор шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар маҷмуъ дар Донишкада ва филиалҳои он зиёда аз 571 ҳазору 854 нафар кормандони соҳаи маориф аз даврҳои такмили ихтисос гузаштанд. Танҳо соли 2023 40 ҳазору 224 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маориф маҳорати касбии худро ба тариқи даврҳои омӯзишию машваратҳои Донишкада ва филиалҳо такмил доданд, ки ин аз дастирию ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба омӯзгорону кормандони соҳа дарак медиҳад.
Масъалаи муҳим будани маҳорати касбии омӯзгоронро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос намуда, зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2023 дар ин хусус чунин иброз намуданд: «Шароити кунунии пешрафти илму техника талаб мекунад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳар се сол як маротиба аз даврҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд».
Дар асоси ин бо фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ба моддаи 51, сархати 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (аз 20.06.2024) тағйирот ворид гардид.
АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






