Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷогӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 32-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон сеюмин «Дави дӯстӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки мақсад аз ташкили «Дави дӯстӣ» тарғиби тарзи ҳайёти солим, оммавигардонии варзиш ва таҳкими дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад.
Дави мазкур дар ду масофа — 3,3 км ва 7,8 км аз назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе байни мардон ва бонувон доир гардида, баъд аз тай намудани масофаҳои мазкур ғолибону ҷоизадорони «Дави дӯстӣ» аз ҷониби ташкилкунандагон бо диплом ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар ин чорабинии варзишӣ кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, устодону донишҷӯёни муасисаҳои таҳсилоти оли касбӣ, сокинони пойтахт, дӯсторони дав, ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе ва донишҷӯёну шаҳрвандони кишвари Ҳиндустон, ки дар пойтахти мамлакат таҳсил ва иқомат мекунанд фаъолона иштирок намуданд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанӯз аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ, аниқтараш аз 28-уми августи оли 1992 ба роҳ монда шуда, Ҳиндустон барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари дӯст шинохта шудааст.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон















Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






