Дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ баргузор шуд

Ноябрь 15, 2024 13:33

ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXIX Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва полиграфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Имсол дар кори ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия масъалаҳои ҳалталаби соҳаи табъу нашри Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои ташкили Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» мубодилаи афкор намуданд.

Аъзои Шуро ҳамчунин масъалаҳои баргузории озмуни корхонаҳои китобфурӯшӣ, натиҷаҳои Анҷумани зиёиёни эҷодкор ва илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, иҷрои пешниҳодҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русияро оид ба нашри нашрияҳои силсилавӣ, маҷмуаҳо дар бораи шахсиятҳои бузурги мардумони  давлатҳои ин иттиҳод ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.

Раёсати Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва полиграфии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2025 ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор мешавад. Ҳамраисии Шуроро намояндагони соҳавии вазоратҳои фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Арманистон ба уҳда мегиранд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2024 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик