Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
ДУШАНБЕ, 30.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, имсол дар Тоҷикистон истихроҷи 3,0 миллион тонна ангишт ба нақша гирифта шуда, дар ёздаҳ моҳи соли равон 2 миллиону 377 ҳазору 276 тонна ангишт истихроҷ гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷумҳурӣ ҳоло 17 корхона, аз ҷумла 5 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи хусусӣ дар 12 кон ангишт истихроҷ мекунанд.
Соҳаи истихроҷи ангишт яке аз муҳимтарин сохтори комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва саноати кӯҳкории ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз ҳадафҳои асосии рушди соҳаи истихроҷи ангишт-ин заминагузорӣ ба таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт ва коркарду бойгардонии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки фурӯши ангишт бо назардошти бақияи соли 2023 1 миллиону 692,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. То 28 ноябри соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти соли 2023 880 744 тонна ангишт мавҷуд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 468 967 тонна афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра 1 миллиону 011 ҳазору 176 тонна ё 45 фоиз аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва 1 миллиону 366 ҳазору 100 тонна ангишт ё 55 фоиз аз ҷониби корхонаҳои хусусӣ истихроҷ гардидааст. Инчунин аз ангишти истихроҷшуда 65 фоиз ба таври кушод ва 35 фоиз ба таври зеризаминӣ истихроҷ шудааст.
Ба иттилои мутахассисон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ангишт буда, он чун манбаи алтернативии энергия самаранок истифода мешавад. Агар солҳои пеш ангиштро танҳо аҳолӣ истифода мекард, ҳоло корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ низ бо истифода аз он фаъолият менамоянд.
Кони ангишти «Фон-Яғноб» дар Осиёи Марказӣ бузургтарин кони ангишти коксшаванда мебошад. Ҳамчунин мутобиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, захираҳои кони ангишти коксшавандаи «Фон-Яғноб» ва кони ангишти «Назарайлоқ», ки дорои ангишти антратсит мебошад, конҳои ангишти дорои аҳамияти стратегӣ маҳсуб мешаванд.
Дар Тоҷикистон асосан се намуди ангишт — коксшаванда, антратсит ва бур мавҷуд аст.
Яке аз дастовардҳои соҳаи саноати ангишти мамлакат дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дастрас намудани техника ва таҷҳизоти муосир мебошад, ки дар пешрафти соҳа нақши муассир мегузорад.
Ҳоло дар соҳаи саноати ангишти мамлакат 758 техникаи махсус фаъолият дорад. Инчунин дар конҳои ангишти мамлакат 2423 нафар кор мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии миллиро амалӣ менамояд, ки яке аз он ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад. Дар ин кор саноати ангишти Тоҷикистон метавонад нақши муҳим гузорад, зеро ангишт дар шароити ҷумҳурии мо ашёи хоми нисбатан арзон аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид






