Деваштич Убайдӣ дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Остона мақоми панҷумро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо оғоз гардид. Дар ин мусобиқа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 варзишгар иштирок доранд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки паҳлавони шинохтаи тоҷик Деваштич Убайдӣ дар вазни 79 кг дар рӯзи якуми мусобиқа дар даври аввал Аҳмади Абдулбосит аз Афғонистонро бо ҳисоби калони 10 бар 1 мағлуб карда, дар даври дуюм Борис Шатверяни арманиро бо ҳисоби калони 10 бар 0 бе мушкилӣ шикаст дод. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ паҳлавони мо бо маҳорати воло пеш аз муҳлат Леонел Мбалла аз Камерунро мағлуб карда, ба даври нимниҳоии чемпионати ҷаҳонии самбо роҳ ёфт. Дар даври нимниҳоӣ паҳлавони мо Деваштич Убайдӣ аз намояндаи бетараф Денис Калинин бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб шуда, барои нишони биринҷӣ бо Иван Харкови булғорӣ рақобат намуд, ки дар натиҷа мағлуб шуда, мақоми панҷумро соҳиб гардид.
Варзишгари тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни 58 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм аз Карен Саргсяни арманӣ мағлуб шуда, мусобиқаро тарк кард. Рақобати ин ду паҳлавон тезутунд гузашта, бо ҳисоби 6 бар 5 ба фоидаи Карен Саргсяни 23- сола анҷом ёфт.
Паҳлавони дигари мо Халид Толибзода дар вазни 88 кг оид ба самбои размӣ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм аз намояндаи бетараф Абусупиён Алихонов бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб гардид.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 Акмалиддин Каримов дар Чемпионати ҷаҳонии самбо дар шаҳри Еревани Арманистон соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз Тоҷикистон се нафар чемпиони ҷаҳон аз намуди самбо гардиданд: Беҳрӯз Хоҷазода (соли 2017 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия), Хушқадам Хусравов (соли 2018 дар шаҳри Бухарести Руминия) ва Акмалиддин Каримов (соли 2021 дар шаҳри Тошканди Узбекистон).
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






