Деваштич Убайдӣ дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Остона мақоми панҷумро соҳиб гардид

Ноябрь 9, 2024 13:40

ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар шаҳри Остонаи  Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба  самбо оғоз гардид. Дар ин мусобиқа аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон  9 варзишгар иштирок доранд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки  паҳлавони шинохтаи тоҷик  Деваштич Убайдӣ дар вазни 79 кг дар рӯзи якуми мусобиқа дар даври аввал Аҳмади Абдулбосит аз Афғонистонро бо ҳисоби калони  10 бар 1 мағлуб карда, дар даври дуюм Борис Шатверяни арманиро бо ҳисоби калони  10 бар 0 бе мушкилӣ шикаст дод. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ паҳлавони мо   бо маҳорати воло пеш аз муҳлат Леонел Мбалла аз Камерунро мағлуб карда, ба даври нимниҳоии  чемпионати  ҷаҳонии самбо роҳ ёфт. Дар даври нимниҳоӣ паҳлавони мо Деваштич Убайдӣ аз намояндаи бетараф Денис Калинин бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб шуда, барои нишони биринҷӣ  бо  Иван Харкови булғорӣ рақобат намуд, ки дар натиҷа мағлуб шуда,  мақоми панҷумро соҳиб гардид.

Варзишгари тоҷик Акмалиддин Каримов  дар вазни 58 кг  дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм аз  Карен Саргсяни арманӣ  мағлуб шуда, мусобиқаро тарк кард. Рақобати  ин ду паҳлавон тезутунд гузашта, бо ҳисоби 6 бар 5 ба фоидаи Карен Саргсяни  23- сола анҷом ёфт.

Паҳлавони дигари мо Халид Толибзода  дар вазни 88 кг  оид ба самбои размӣ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм аз намояндаи бетараф Абусупиён Алихонов бо ҳисоби 3 бар 0  мағлуб гардид.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 Акмалиддин Каримов дар Чемпионати ҷаҳонии самбо дар шаҳри Еревани Арманистон соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз Тоҷикистон се нафар чемпиони ҷаҳон аз намуди самбо гардиданд:  Беҳрӯз Хоҷазода (соли  2017 дар   шаҳри Сочии Федератсияи  Русия), Хушқадам Хусравов (соли 2018 дар шаҳри Бухарести  Руминия) ва  Акмалиддин Каримов  (соли  2021 дар шаҳри Тошканди Узбекистон).

            АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 9, 2024 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад