Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд

Ноябрь 23, 2024 15:15

ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар шаҳри Ҷакарта ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, савдо ва саноат, инчунин Эксимбонки Ҷумҳурии Индонезия вохӯриҳо анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти вазорати корҳои хориҷӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба тавассути амалигардонии барномаҳои муштараки ҳамкорӣ,  табодули сафарҳои ҳайатҳои тарафҳо ба кишварҳои якдигар, иштирок дар форумҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ташаббусҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф иброз намуданд.

Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла баимзорасонии созишномаи дахлдор оид ба савдои озод байни ду давлат, таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ, энергетика ва гардишгарӣ, табодули сафарҳои мутақобилаи доираҳои соҳибкорӣ ва омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самтҳои болозикр дар мулоқот бо роҳбарияти Вазорати савдои Ҷумҳурии Индонезия баррасӣ гардид.


Дар Вазорати саноати Ҷумҳурии Индонезия масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла фанновариҳои саноатӣ, ҷалби сармояи мустақим, коркарди захираҳои табиӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи саноат мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Зимни мулоқот бо роҳбарияти Эксимбонки Индонезия масъалаҳои вобаста ба иштироки бонк дар лоиҳаҳои самти инфрасохтор, соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, сайёҳӣ, ва тиб, маблағгузории амалиёти содиротӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, ташкили форумҳо барои рушди тиҷорат ва  табодули таҷриба оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ баррасӣ шуданд.

 

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд