Федератсияи футболи Тоҷикистон бо шарикон татбиқи барномаи «Talent Development»-ро идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон татбиқи барномаи рушди истеъдодҳои ФИФА – «FIFA Talent Development Scheme»-ро дар мамлакат идома медиҳад. Принсипи барнома аз он иборат аст, ки ба ҳар бозигари боистеъдод бояд имконият дода шавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи барномаи «FIFA Talent Coach» бо мутахассиси испанӣ Клаудио Гарсиа Лара, ки дар академияҳои футболи Испания, Англия, Чин ва Ҳиндустон кор кардааст, шартнома баст. Вай ду сол дар Тоҷикистон кор мекунад. Ҳоло Клаудио Гарсиа Лара, ки литсензияи «Pro»-и УЕФА-ро дорад, бо тими наврасони то 14-сола ҳамкорӣ мекунад ва дастаро ба мусобиқоти оянда таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ омода менамояд.
«Барномаи «FIFA Talent Coach» барои ду сол пешбинӣ шудааст. Мураббиёни мо ба мутахассиси испанӣ кумак мекунанд. Ҳадафҳои асосии барномаи «Истеъдоди мураббӣ» муайян кардани истеъдод ва ҷалби беҳтаринҳо ба кор бо беҳтаринҳо мебошад. Инчунин дар доираи лоиҳа чорабиниҳо оид ба муайян намудани бозигарони боистеъдод дар саросари мамлакат ва гузаронидани семинарҳои мураббигӣ дар назар аст», – таъкид намуд директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






