«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 7 ноябр даври чоруми ин озмун оғоз гардида, пурра ба навор гирифта мешавад

Ноябрь 2, 2024 11:09

ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар шаҳри Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад, ки дар он 574 нафар иштирок менамояд. Дар ин хусус зимни ҷаласаи корӣ оид ба баргузории даври чоруми озмуни мазкур, ки имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре дар Вазорати маориф ва илм ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ оид ба аҳамияти озмуни мазкур ва натиҷаи он ибрози назар карда, аз ҷумла гуфт: «баргузории озмуни мазкур нишон дод, ки ҳар сол теъдоди довталабон афзуда, китобхонӣ ва таваҷҷуҳ ба китоб низ хислати оммавӣ пайдо намуда истодааст».

Тибқи омори пешниҳоднамудаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 нафар, дар даври дуюми он 49267 нафар, дар даври сеюм 3742 нафар иштирок намуданд. Дар даври сеюми озмун аз шаҳри Душанбе 458 нафар, аз вилояти Суғд 1330 нафар, аз вилояти Хатлон 1130 нафар, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 373 нафар ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 451 нафар иштирок намуданд, ки аз ин ба даври чоруми озмун 574 нафар роҳ ёфт.

Иброз гардид, ки омодагӣ ба даври чоруми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи баланд қарор дошта, ҷадвали баргузорӣ, рўйхати ҳакамон дар номинатсияҳо, Шоҳчоизаҳо, рўйхати комиссияи аппелятсионӣ ва масъулон аз ҷониби вазорат барои тасдиқ пешниҳод гардидаанд.

Дар рафти ҷаласа, ҳамчунин дархост гардид, ки дар рафти озмун шаффофият таъмин карда шавад ва аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузошта шавад. Инчунин ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 2, 2024 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид