ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муайян гардид

Ноябрь 8, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи  мунтахаби Тоҷикистон ҳайати  футболбозони  тоҷикро  барои бозиҳои дӯстона ба муқобили  дастаҳои мунтахаби Непал ва Афғонистон, ки дар шаҳри  Душанбе баргузор мешаванд, эълон кард. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ҳайати  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон  24 бозигар – 4 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар дохил аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 ноябр омодагиро ба бозиҳои дарпешистода оғоз мекунад.

Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон 13 ноябр бо дастаи мунтахаби   Непал ва 16 ноябр бо   дастаи мунтахаби  Афғонистон бозӣ мекунад. Ҳарду вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешаванд.

Ҳайати пурраи  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона ба муқобили  дастаҳои мунтахаби  Непал (13 ноябр) ва Афғонистон (19 ноябр) чунин аст:

Дарвозабон: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Уфа», Русия), Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳимоягарон: Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Нефтчӣ», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама – «Истиқлол»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Шервонӣ Мабатшоев, Амадонӣ Камолов (ҳама – «Истиқлол»), Алишер Шукуров («Вахш»), Азизбек Ҳаитов («Равшан»), Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду – «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамрокулов («Вахш»).

Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон/Белгия).      

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Ноябрь 8, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод