ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо тими миллии Непал омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба бозии дӯстонаи якум ба муқобили тими миллии Непал, ки 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дарвозабон Рустам Ятимов («Ростов», Русия), ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон) ва ҳамлагар Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон) дар ҷамъомади таълимиву тамринии шаҳри Душанбе ба ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат ҳамроҳ шуданд.
Шоми сешанбе нимҳимоятгари дастаи ССКА-1948-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев ба Тоҷикистон меояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






