ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад

Ноябрь 14, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти мудирияти муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳои беназир ноил шуд, яъне мамлакати мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба давлати калидӣ ва таъсиргузори низоми муносибатҳои байналмилалӣ мубаддал гардид.
Чунин иброз намудааст директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдарзода дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Президент, ки ба АМИТ «Ховар» ворид гардидааст.

Матни пурраи мақола дар зер оварда мешавад.

-Сиёсати дилхоҳ давлати муосир дар асоси назардошти неруи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва фарҳангӣ сохта мешавад. Дар навбати худ дар татбиқи сиёсати хориҷии ин ё он давлат чунин омилҳо, ба мисли мавқеи геополитикӣ ва геостратегӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, зарфияти геоиқтисодӣ ва геофарҳангии он нақши бориз доранд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки принсипҳои асосиашро андешаҳои фалсафӣ-сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳанд, бо назардошти омилҳои гуфташуда бунёд гардидааст. Тоҷикистон дар натиҷаи татбиқи сиёсати хориҷии бисёрсамта муносибати дӯстонаро бо 192 давлати дунё, ки соҳибистиқлолии моро шинохтанд, ба роҳ монда, бо зиёда аз 180 мамлакати ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намудааст, ки натиҷаи сиёсати муваффақи хориҷии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Роҳбари давлат сиёсати хориҷии мамлакатро бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон, таҷрибаи давлатдорӣ ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик, таҷрибаи давлатдории кишварҳои муваффақи дунё, тамоюлҳои муосир дар фазои геополитикӣ ва геоиқтисодиву геофарҳангии ҷаҳон хеле дурандешона ва дурбинона амалӣ менамояд. Албатта, дар ин қарина ҳар минтақа ва ҳар давлати дунё таҷрибаи сиёсӣ, тамоюли иҷтимоӣ ва арзишҳои фарҳангии хос дорад, ки дар раванди иртиботи хориҷии байнидавлатӣ ба инобат гирифта мешавад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии давлатамонро, пеш аз ҳама, аз сохтани фазои дӯстона ва равобити мутақобили судманд бо ҳамсоякишварҳо бо назардошти мавқеи геостратегии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд.

Геостратегияи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ аз ҳифзи манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон бо назардошти мавқеи ҷуғрофии мамлакати мо иборат аст. Дар навбати худ манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон аз ҳадафҳо ва вазифаҳое иборатанд, ки давлати мо дар дурнамои дуру наздик барои худ бобати амалисозии манфиатҳои миллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ муқаррар намудааст. Албатта, ҳангоми иҷрои вазифаҳои гузошта геостратегияи дилхоҳ давлат вобаста ба тағйирёбии вазъият дар ҷаҳон дар ҳолати таҳаввулот қарор мегирад. Аз ин рӯ, геостратегияи давлатро ҳам бо назардошти ҳолати кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам дар қаринаи таърихи рушди давлатдории миллӣ бояд амалӣ намуд. Таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало исбот мекунад, ки танҳо тавассути иртибот бо қаринаи таърихӣ метавон геостратегияи давлатро ҳамчун падидаи маҷмуӣ татбиқ намуд. Маҳз мавқеи ҷуғрофии давлат стратегияи онро дар самтҳои гуногун ва дар қаринаи сиёсати хориҷиаш дар арсаи ҷаҳонӣ муқаррар менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 иброз намуда буданд, ки «мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, амалӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ буда, дар сиёсати хориҷӣ ба хотири рушди минбаъдаи муносибатҳо бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон омодаи ҳамкорӣ мебошад. Мамлакати мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад».

Дар ҳақиқат дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии роҳбарияти давлат Тоҷикистон ба мамлакати амн ва босубот табдил гардидаст. Мо мутмаинем, ки ин фазои сулҳу оромӣ дар ҷумҳурии мо дар заминаи расидан ба Ваҳдати миллӣ ва иттиҳод дар атрофи Пешвои миллат имконпазир гардидааст. Тоҷикистон дар натиҷаи татбиқи барномаҳо ва бузурглоиҳа дар қаринаи ҳадафҳои миллии стратегӣ аз таъсири равандҳои манфии глобалӣ — ба мисли буҳрони амиқ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, рақобати шадиди геополитикӣ ва геоиқтисодии абарқудратҳо як навъ маснуияти сиёсӣ ва иқтисодӣ пайдо намудааст. Албатта, ин падидаи манфии номбаршудаи ҷаҳонӣ ба равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии давлатҳои минтақаи мо низ бетаъсир нахоҳад монд. Дар ин росто Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 барҳақ изҳор доштанд, ки «вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешем».

Дар ҳақиқат вазъи геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳон рӯз ба рӯз мураккабтар мешавад ва он ба дилхоҳ кишвари дунё таъсир хоҳад кард. Аммо дар ҳолати мавҷудияти як Сарвари оқил ва дурандеши миллӣ ҳар давлат метавонад худро аз таъсири манфии тамоюлҳои глобалӣ ҳифз намояд. Хушбахтона, Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо нақшофарони ҷаҳонӣ, ба мисли Чин, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи Русия ва ҳам қудратҳои минтақавӣ, аз қабили Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия муносибати дуҷонибаи мутақобили судмандро дар асоси назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба роҳ монад.

Дар ин радиф, албатта, хизмати Пешвои миллат дар эъмору таҳкими муносибатҳои стратегии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин вижагиҳои худро дошта, хеле назаррас аст. Ин кишвар имрӯз ба дуюмин иқтисоди ҷаҳон мубаддал гардида, соҳиби ғоя/лоиҳаи универсалии ҳамгироии глобалӣ — «Як камарбанд — як роҳ» мебошад.

Чин соли 2013 бузурглоиҳаи «Як камарбанд – як роҳ»-ро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Консепсияи «Як камарбанд – як роҳ» ҳамчун ташаббуси байналмилалии Чин барои беҳбуд бахшидан ва эҷоди роҳҳои нави тиҷорат, нақлиёт, инчунин долонҳои иқтисодии кишварҳои Осиё, Аврупо ва Африқо, рушди муносибатҳои тиҷоратии байни кишварҳои Авруосиё равон шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 апрели соли 2019 дар Чин дар Анҷумани дуюми байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» оид ба ҳамкории байналмилалӣ чунин иброз доштанд: «Бо назардошти воқеияти нави ҷаҳонӣ ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» саривақтӣ ва серталаб аст, зеро он манфиатҳои иқтисодии бисёр кишварҳоро инъикос ва муттаҳид мекунад. Дар ниҳоят, ҳадафи асосии ин ташаббус ҳавасмандгардонии рушд ва шукуфоии умумӣ дар асоси принсипҳои муштараки бартариҳои ҳар ҷониб ба манфиати умумии ҳамаи давлатҳои воқеъ дар роҳи абрешим мебошад».

Тоҷикистон бо назардошти геостратегияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин вобаста ба он, ки дар яке аз чорроҳаҳои калидии Авруосиё воқеъ аст, метавонад пули пайвасткунандаи Чин ва кишварҳои дигари ҳамсояи минтақа бошад. Ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки ин бузурглоиҳаи Чин ба бунёди долони нақлиётӣ, энергетикӣ ва тиҷоратӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва ба таври васеъ барои амиқтар кардани ҳамкории иқтисодии даҳҳо давлати Авруосиё ва густариши ҳамкории илмию техникӣ байни онҳо равона шудааст.

Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки хизмати Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори Созмони ҳамкории Шанхай хеле назаррас аст. Дар ин замина ибтикори Роҳбари давлат дар мавриди табдили «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхайро таъкид кардан муҳим аст. 5 июли соли 2000 дар Душанбе, дар ҷаласаи сарони Панҷгонаи Шанхай Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи раисӣ ба нақши ин созмон баҳои баланд дода, идеяи табдили Панҷгонаи Шанхайро ба платформаи минтақавии бисёрфунксионалии ҳамкории байналмилалӣ — Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод карданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Сарвари сиёсии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва бонуфузи глобалӣ буда, на танҳо дар муайян кардани рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ қодир ҳастанд. Сарвари маҳбуби мо бо назардошти он ки ҷаҳон ба минбарҳо ва ғояҳои нави байналмилалӣ барои муколама ниёз дорад, дар таҳким ва рушди ояндаи Созмон саҳми арзанда гузоштаанд. Ба андешаи мо, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) имрӯз маҳз ба чунин минбари муколамаи сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар ин амал албатта, саҳми Тоҷикистон низ ҳаст. Ин созмон, ки аз ҷумла бо саъю кӯшиш ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Авруосиё таъсис ёфта, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ мушкилоти муайяни минтақаро ҳал намудааст, имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътибор ва нуфуз пайдо намудааст. Аз ин рӯ, бо итминон метавон гуфт, ки имрӯз Созмони ҳамкории Шанхай аз созмони минтақавӣ ба сохтори байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аммо вазъи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон тақозо мекунад, ки созмонҳо ё сохторҳои нисбатан ҷавони байналмилалӣ, аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай ва BRICS+ ба ҳам пайваста, сохтори нави байналмилалии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ба вуҷуд оваранд. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои ҳамкорӣ бо BRICS (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) таваҷҷуҳ дорад ва ин тамоюл ба авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон табдил меёбад

Ба андешаи мо, BRICS+ аз минбари муколама ва машваратӣ бо мусоидати аъзои он солҳои наздик бояд ба субъекти мукаммали қабули қарорҳои ҷаҳонӣ табдил ёбад. Ҳамчунин зарур аст, ки бо иштироки фаъолонаи Тоҷикистон раванди ҳамгироӣ ва ба ҳам мутобиқсозии Созмони ҳамкории Шанхай ва BRICS + доир шавад ва шаклбандии нави низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар самти мубодила ва интиқоли сармоя, мол ва технология ба анҷом расад. Созмони ҳамкории Шанхай ва BRICS + бо пуштибонии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ҳоло метавонад ба ин раванд шуруъ кунад.

Пешвои миллат ҳамчун Сафири башардӯсти сатҳи олӣ ба илми муносибатҳои байналмилалӣ мафҳуми нав – «дипломатияи об»-ро ворид намудаанд, ки дар он тамоми ташаббус ва ғояҳои минбаъда оид ба истифодаи захираҳои об дар ҷаҳон гирд оварда шудаанд. Кулли ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз қабили Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар рушди соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯз маҳз Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сарварии сиёсӣ ва ҳамзамон масъулияти худро дилпурона нишон дода, барои муттаҳидсозии минбаъдаи саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус пешвоёни сиёсии ҷаҳонӣ дар қабул ва татбиқи тадбирҳо барои таъмини идоракунӣ ва истифодаи устувори захираҳои об шароит фароҳам меорад. Гурӯҳи байналмилалии дӯстони об, ки бо ибтикори Тоҷикистон таъсис ёфтааст, имрӯз ҳудуди 50 кишвари аъзоро муттаҳид намуда, дар баррасии мушкилоти об ва қабули қарорҳои дахлдор дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ саҳми мусбат мегузорад. Ба шарофати хизматҳои хоси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз худро ҳамчун нақшофари муҳимми ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ муаррифӣ мекунад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақсими одилонаи захираҳои об ба тамоми ҳамсоягони худ саҳм гузоштааст, зеро зиёда аз 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди мамлакати мо ҷамъоварӣ мегардад. Тоҷикистон масъулияти глобалии худро барои сарнавишти минтақаи Осиёи Марказӣ ҳис карда, ҳамзамон Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ва ду комиссияи онро таъсис дод, ки барои баррасии муҳимтарин масъалаҳои оби фаромарзӣ дар минтақа замина фароҳам меоранд.

Бар асоси ин ақидаҳо бо масъулияти баланд изҳор менамоем, ки ташаббусҳои пешниҳодкардаи Сарвари давлатамон оид ба об ва дастгирии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо обрӯйи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, балки Тоҷикистонро низ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ боло бурдаанд. Ин иқдом ба ҳамкории минбаъда ва татбиқи дипломатияи об дар ҷаҳон таъсири мусбат мерасонад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Пешвои сиёсии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва бонуфузи глобалӣ буда, на танҳо дар муайян кардани рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ қодир ҳастанд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, ки соли 2017 ба давлати мо сафар карда буд, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод.

Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум Қатъномаи «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро», ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузоштааст, якдилона қабул кард. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 153 кишвари аъзои ин созмон дастгирӣ карданд. Қабули чунин қатъномаи муҳим ва муфид барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гардид.

Бар асоси ин қатънома 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, ҳамчунин тасмим дар Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таъсиси Хазинаи байналмилалии мақсаднок барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо ва баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. Ин иқдоми Пешвои миллат воқеан ҳам барои инсоният ва сайёраи мо аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиату захираҳои об, ҳаёти инсоният дар маҷмуъ дар сайёраи мо нигаронида шудааст. Захираҳои маҳдуди об дар ҳавзаҳои дарё рақобатро байни кишварҳо боз ҳам шадидтар мекунанд. Дар ин шароит зиддияте, ки бо нарасидани об алоқаманд аст, байналхалқӣ мегардад ва оқибатҳои эҳтимолии муборизаи байни давлатҳоро дар ин ҳолат пешгӯӣ кардан хеле душвор аст.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати муосири идоракунии манбаҳои об ва роҳу усулҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи ҳалли мушкилоти марбут ба истифодаи об ниёз дорад. Ҳоло омӯзиши амиқи масъалаҳои ҳалли мушкилоти об, сиёсати одилонаи марбут ба манбаҳои об дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дарки нақш ва таъсири он ба равандҳои муосири геополитикии минтақа хеле мубрам ва муҳим аст.

Ҳадаф аз ибрози ин нуктаҳо, пеш аз ҳама, равшанӣ андохтан ба мазмуну моҳияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об, истифодаи самаранок ва оқилонаи он мебошад, ки ба назари мо, ба ҳалли яке аз мушкилоти асосии башарият, яъне раҳо шудан аз буҳрони об нигаронида шудааст.

Соли 2024 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари сулҳофар боз як ташаббуси нави глобалиро ба самъи ҷаҳониён расониданд. Ташаббуси шашуми глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бо Қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 садо дод.

Ҳамин тариқ, бо итминони комил таъкид менамоем, ки геостратегия ва геополитикаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ, аз як тараф ба ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи байналмилалии мамлакати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардида, аз тарафи дигар, ба ҳалли мушкилоти масоили глобалии олам тамаркуз мекунад. Аз ин ҷо аст, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати ташаббускор ва саҳмгузор дар таъмини амнияти Авруосиё эътироф шудааст. Минбаъд низ мардуми тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва ҳалли масоили доғи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ саҳм мегузорад.

АКС: манбаъҳои боз

Ноябрь 14, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст