Имрӯз ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷоизаҳо супорида шуданд

Ноябрь 23, 2024 16:49

ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад, хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки соли шашум аст Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат доир гардид.

Тавре таъкид карда шуд, натиҷаи озмун нишон дод, ки шаҳри Душанбе бо гирифтани 43 ҷой (1 Шоҳҷоиза, 10 ҷойи якум, 15 ҷойи дуюм, 17 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи якум, вилояти Хатлон соҳиби 35 ҷой ( 1 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм, 19 ҷойи сеюм), вилояти Суғд соҳиби 29 ҷой (5 ҷойи якум, 10 ҷойи дуюм, 14 ҷойи сеюм), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби 13 ҷой (1 Шоҳҷоиза, 4 ҷойи дуюм, 8 ҷойи сеюм) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соҳиби 10 ҷой (3 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм) гардид.

Ғолибони Номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ

Дар гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4)

Ҷойи якум ба хонандаи синфи 3-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 39-и ноҳияи Шоҳмансур Холид Шарипов дода шуд, ки омӯзгори ӯ Гулсуной Азизова мебошад.

Дар ин номинатсияи сазовори ҷойи дуюм хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Зафаробод Азиза Исмоилова ва хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №139 аз шаҳри Ваҳдат Фараҳноз Исломова сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд.

Инчунин ҷойи сеюмро хонандаи синфи 4- уми Литсейи № 1- и шаҳри Панҷакент Сумая Рустамова, хонандаи синфи 4- уми Литсейи №1-и шаҳри Кӯлоб Сувайба Темирзода ва хонандаи синфи 4, Литсейи Тамоюли Техникии ноҳияи Данғара Самира Халилова соҳиб гардиданд.

Номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон

Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-8)

Хонандаи синфи 6-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Данғара Шаҳло Маҳмадалиева сазовори ҷойи якум гардид.

Хонандаи синфи 5-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Робия Бобоева ва хонандаи синфи 8, Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе Абдумусаям Акбарзода сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Инчунни дар ин номинатсия хонандаи синфи 8, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Дарвоз Ҳамида Амруллозода, хонандаи синфи 6, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ноҳияи Вахш Бибимарям Раҳмонова ва хонандаи синфи 5, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Файзигул Хайруллоева сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.

Номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон

Гурӯҳи сеюм: хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоӣ касбӣ (синфҳои 10-11)

Хонандаи синфи 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шаҳбону Содиқова сазовори ҷойи якум гардид.

Хонандаи синфи 9 литсейи ба номи Умари Хайёми шаҳри Ваҳдат Нодира Шарипова ва хонандаи синфи 9 Литсейи № 2-и ноҳияи Сино Мадина Ҳакимова соҳиби ҷойи дуюм шуданд.

Дар ин номинатсияи сазовори ҷойи сеюм хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Айнӣ Шаҳдия Холмирзоева, хонандаи синфи 9, Литсейи №4- ноҳияи Шоҳмансур Субҳиддин Бобоев ва хонандаи синфи 9, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Панҷ Шукрияи Ривоҷиддин гардиданд.

Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик

Гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4)

Хонандаи синфи 3-юми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и Ҳисор Нодира Наимова ҷойи якумро сазовор гардид.

Хонандаи синфи 1, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 Рӯшон Давлатқадам Муборакқадамов ва хонандаи синфи 3, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 ноҳияи Данғара Моҳлиқоб Толибова ҷойҳои дуюмро ба даст оварданд.

Хонандаи синфи 2, Литсейи № 2- и шаҳри Кӯлоб Ҳумайро Назирова, хонандаи синфи 4, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 86-и ноҳияи Сино Мустафо Насруллоев ва хонандаи синфи 4-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд Адиба Азимова сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.

Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик

Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11)

Хонандаи синфи 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и и ноҳияи Восеъ Соҷидамоҳ Абдурозиқзода сазовори ҷойи якум гардид.

Хонандаи синфи 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 Бохтар Маҳпарии Рустамдухт ва хонандаи синфи 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и ноҳияи Шоҳмансур Фариштамоҳи Фахриддин сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд.

Хонандаи синфи 9 -и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63 Панҷакент Фараҳбахш Ахмедзода, хонандаи синфи 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Норак Аслам Қаҳҳоров ва хонандаи синфи 9, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Мастчоҳ Давлатова Шодона сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.

Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик

Гурӯҳи сеюм — донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо)

Донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рўдакӣ Гулизори Абдуқодир сазовори ҷойи якум гардид.

Донишҷӯйи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии Данғара Нигора Сафарова ва донишҷӯйи курси 1, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Манучеҳр Султонзода сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд.

Дар ин номинатсия донишҷӯйи курси 2, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Сураёи Тоҳирхон, донишҷӯйи курси 1, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар Шоҳрух Тағаймуродиён ва донигҷӯйи курси 1, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Паринамоҳ Назирова ҷойи сеюмро сазовор шуданд.

Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик

Гурӯҳи чорум — омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун

Омӯзгори Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ” дар шаҳри Хуҷанд Озода Қаландарзода соҳиби ҷойи якум гардид.

Омўзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Билоли Ҳигматулло ва омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Рӯшон Муслима Мирҷонова сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд.

Муовини директори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон Лоиқ Кенҷаев, нафақахӯр, Аълочии мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулайхо Умарова ва омӯзгори Литсейи №1 шаҳри Истаравшан Абдуворис Абдуҷабборов соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик

Гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4)

Хонандаи синфи 4, Гимназияи № 2-и ноҳияи Шоҳмансур Раҳима Қосимзода сазовори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 4, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Ванҷ Фотима Гундакова ва хонандаи синфи 3, Гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан Ҳадиса Раҳимова сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд.

Хонандаи синфи 3, Гимназияи “Андешаи пок”-и ноҳияи Шоҳмансур Зулайхо Каримова, хонандаи синфи 4, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96 Турсунзода Майрам Остонақулова ва хонандаи синфи 2, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Восеъ Рукмия Икромова соҳиби ҷойҳои сеюм гардиданд.

Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик

Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11)

Хонандаи синфи 11, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гулафзо Убайдуллоева сазовори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 11, Литсейи №1 Истаравшан Оиша Алимова ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи Фархор Нигора Назарова сазовори ҷойҳои дуюм шуданд.

Хонандаи синфи 9, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 Рӯшон Фурқати Азалшо, хонандаи синфи 9, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Ишкошим Динара Мамадюнусова ва хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Хуҷанд Париноз Абдузода соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик

Гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо)

Донишҷӯйи курси 2, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Самира Ҳамроева сазвори ҷойи якум гардид. Донишҷӯйи курси 4, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Азамат Астанаев ва донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳматшоҳзода Комрон соҳиби ҷойҳои дуюм шуданд.

Донишҷӯйи курси 2, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳрухи Ҷумъамурод, курси 1, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Анжела Шоҷиева ваи донишҷӯйи курси 3, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Зиёвуддин Дустмуҳаммадзода сазовори ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик

Гурӯҳи чорум — омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун

Дар ин номинатсия лаборанти Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Амина Содиқова соиҳиби ҷойи якум гардид.

Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Бохтар Фаришта Одинаева ва омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Панҷакент Барно Муқбилова соҳиби ҷойҳои сеюм гардиданд.

Омӯзгори Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Соҷида Нуруллозода, китобдори Китобхонаи марказии ноҳияи Дарвоз Қосимҷон Ватанов ва омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Восеъ Меҳринигор Ғоибзода соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи адабиёти ҷаҳон

Гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4)

Хонандаи синфи 4, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Исфара Наҷиб Шоалифов соҳиби ҷойи якум гардид.

Хонандаи синфи 4, мактаби тоҷикӣ-русии шаҳри Кӯлоб Шукрона Ҳасанова ва хонандаи синфи 3, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28-и ноҳияи Фирдавсӣ Ҳумоюн Сафолов соҳиби ҷойҳои дуюм шуданд.

Хонандаи синфи 3-юми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Шуғнон Васфия Алиёрова, хонандаи синфи 4-уми Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар Сино Сумая Одилзода ва хонандаи синфи 4-уми Литсейи № 3-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Рухшона Худоиева сазовори ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи адабиёти ҷаҳон

Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11)

Хонандаи синфи 10, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Ваҳдат Рухмина Саидова сазовори ҷойи якум гардиданд.

Хонандаи синфи 9-уми Литсейи № 1 Исмоили Сомонӣ Мушарафа Қамарзода ва хонандаи синфи 9, Гимназияи №4 Хуҷанд Ҳусниоллоҳ Комилов сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд.

Хонандаи синфи 7, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шоҳмансур Маргарита Лашкарбекова, хонандаи синфи 11, МД «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Данғара Кибриё Исуфзода ва Хонандаи синфи 10-и Литсейи Президентии ноҳияи Сино Шукрона Ҳаётзода соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи адабиёти ҷаҳон

Гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ

(магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо)

Донишҷӯйи курси 4, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шукрона Холмуродова сазвори ҷойи якум гардид.

Донишҷӯйи курси Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Моҳшариф Мирзоева ва донишҷӯйи курси 3, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ширинмо Қурбонова соҳиби ҷойҳои дуюм шуданд.

Донишҷӯйи курси 4, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Умматалӣ Хоҷаев, донишҷӯйи курси 2, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Саида Бобоева Кӯлоб ва донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Хуҷамқулова соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи адабиёти ҷаҳон

Гурӯҳи чорум — омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун

Омӯзгори Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилфузаи Ислом сазовори ҷойи якум гардид. Омӯзгори Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сиротулло Зоиров ва табиб, корманди Коллеҷи технологӣ-формасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Буриев Махмаддовуд сазовори ҷойҳои дуюм дониста шуданд.

Омӯзгори Гимназия №1 ноҳияи Варзоб Бобоҷон Ҳабибуллоев, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и Конибодом Мунира Абдураҳмонова ва омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Роштқалъа Сурма Алифбекова сазвори ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи эҷоди назм

Гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11)

Хонандаи синфи 11, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37- и ноҳияи Мастчоҳ Марзбоналӣ Қурбонзода сазовори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Панҷакент Афрӯза Эргашова хонандаи синфи 10, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17и ноҳияи Ванҷ Ҳанифаи Ёрӣ сазовори ҷойҳои дуюм шуданд.

Ҳамзамон хонандаи синфи 10, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 Тоҷикобод Исматова Райҳона, хонандаи синфи 9, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 Истаравшан Марям Қодирова ва хонандаи синфи 10, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39- и ноҳияи Восеъ Саидаи Рамазон соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи эҷод назм

Гурӯҳи дуюм — донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо)

Донишҷӯйи курси 2, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Исломова сазовори ҷойи якум гардид.

Инчунин курси 4 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Муҳаммадиқбол Ашрафзода ва магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Кароматулло Садиров сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд.

Донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Мирзо Турсунзода Меҳрафзо Кароматзода, донишҷӯйи курси 2-юми докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мусо Хоҷаев ва магистри Донишгоҳи давлатии Данғара Шаҳло Аминова мақоми сеюмро касб намуданд.

Номинатсияи эҷод назм

Гурўҳи сеюм омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун

Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Ваҳдат Идибег Мирзораҳимов соҳиби ҷойи якум гардид. Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и Истаравшан Раҳмон Авезов ва доктори илмҳои физикаю математика, мудири кафедраи математикаи ҳисоббарорӣ ва механикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадсалим Абдукаримов сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд.

Омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и шаҳри Кӯлоб Нигина Эмомова, сармутахассиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Нуралӣ Хоркашев ва сокини ноҳияи Айнӣ Ҷамшеди Орифиён сазовори ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи эҷоди наср

Гурўҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ синфҳои 10-11)

Хонандаи синфи 11 Литсейи № 2-и ноҳияи Сино Раҳимаи Тоҳир соҳиби ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 11 Мактаби президентии Бӯстон Ғозимуҳаммад Ғозиев ва хонандаи синфи 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 Данғара Ҳумайнӣ Кароматзода сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд.

Хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Роштқалъа Камила Лаълҷубаева, хонандаи синфи 9 Литсейи №1 Восеъ Моҳру Бурҳонова хонандаи синфи 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и шаҳри Ваҳдат Ҳилола Самадова соҳиби ҷойҳои сеюм гардиданд.

Гурӯҳи дуюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ

(магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо)

Донишҷӯйи курси 3-юми Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Сайидо Шарапов сазвори ҷойи якум гардид. Донишҷӯйи курси 3-юми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумзуриии Тоҷикистон Гулзода Шералиева ва донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи байналмилали забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Санавбар Яқубова соҳиби ҷойҳои дуюм гардиданд.

Донишҷӯйи курси 3, Докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фаридуншоҳ Абдуллоев, донишҷӯйи курси 1, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Сабрина Худойбердиева ва донишҷӯйи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии Данғара Мақсуда Холназарова сазовори ҷойҳои сеюм шуданд.

Номинатсияи эҷоди наср

Гурӯҳи сеюм омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун

Нафақахӯр, собиқадори соҳаи маориф аз ноҳияи Мастчоҳ Абдумалик Зуҳурӣ сазовори ҷойи якум гардид. Омўзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Райҳона Раҳматова ва корманди Муассисаи давлатии Телевизиони Ҷаҳоннамои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамар Одинаев сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд.

Ҳамзамон китобдори Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шералӣ Шералиев, корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Шамсиддин Арабов ва муҳаррири рӯзномаи “Шамъи Ирфон”-и шаҳри Ваҳдат Саидмурод Искандаров сазовори ҷойҳои сеюм шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2024 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масоили инфрасохтори рақамӣ барои ҳукумати электронӣ баррасӣ шуд
Даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2023-2024 муайян гардиданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Волидони ғолибони озмун сазовори нишони «Маърифатпарвар» гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбӣ дар Чин иштирок намуданд
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи касбии Заоҷуани Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар давлатҳои хориҷӣ қабули ҳуҷҷатҳоро эълон намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Маркази миллии тестӣ барои хатмкунандагони 530 муассисаи таълимӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст мешавад
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи касбии Линий созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид