«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 28 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи натиҷаҳои ҷамъбасти даври сеюм 700 довталаб ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтаанд. Аз ин шумора 244 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 223 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии типи нав, 184 нафар донишҷӯ ва 49 нафар намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Даври чоруми озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм баргузор гардида, дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
Озмун аз ду қисм иборат буда, қисми аввал тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми дуюм бо иштироки ҳайати ҳакамон баргузор мегардад. Довталабоне, ки дар қисми аввал аз рӯйи саволномаҳои Маркази миллии тестӣ камтар аз 50 дарсади холҳоро ба даст меоранд, ба қисми дуюми озмун роҳ дода намешаванд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани даври чоруми озмун тадбирҳои зарурии ташкилӣ ва амалӣ меандешад.
Ҳамаи довталабони ба даври чоруми озмун роҳёфта даъват карда мешаванд, ки бо омодагии ҳамаҷониба, масъулияти баланд ва риояи талаботи озмун дар ин марҳалаи муҳим иштирок намоянд.
Озмуни «Илм–фурӯғи маърифат» имконияти арзишманд барои муаррифии дониш, истеъдод ва қобилияти илмии иштирокдорон буда, ба ташаккули насли донишманду эҷодкор ва рушди неруи зеҳнии кишвар мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 1 январи соли 2026 тасдиқ гардид.
Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони гуногункасб гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид






