Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

Ноябрь 5, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 11+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳи борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 идараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13+15 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.

 

Ноябрь 5, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИЁДАГАРДӢ. Ин намуди варзиш барои нигоҳ доштани вазни муътадили бадан кумак мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июн, панҷшанбе, 170-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар Душанбе бахшида ба 18-солагии қабули қонуни танзим ду ҳамоиш доир гардид
ОГОҲӢ. Аз 19 то 22 июн дар Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳосили тарбуз фаровон аст
Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва Роғун сафар кард
Дар Норак бо истифодаи қафасҳои сунъӣ гулмоҳӣ парвариш меёбад
Дар лагери дараи Камароби ноҳияи Рашт 450 хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд