Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 идараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.








Озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷин дар соҳаи таҳсилоти муҳандисии муосир ҳамкорӣ менамояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифати насли наврас» конференсия доир шуд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Екатеринбург вохӯрии масъулини Сафорати Тоҷикистон бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик доир гардид
Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
ОГОҲӢ! Дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон: «Насиба Кенжаева аз ноҳияи Хуросон соҳиби Шоҳҷоизаи иқдоми «МегаМиллион» гардид»
Ҷаласаи минтақавии Кумитаҳои миллии ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид






