ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад

Ноябрь 21, 2024 10:37

ДУШАНБЕ, 21.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сол мешавад, ки 21 ноябр чун Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион муқаррар гардидааст. Ҳадаф аз он ташвиқу тарғиби табодули барномаҳои телевизионӣ бахшида ба сулҳу амният, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳанги мухталифи саросари олам мебошад.

Ин рӯз бо ташаббуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид шуруъ аз соли 1997 ҳамасола гузаронида мешавад.

Коршиносон бар он назар ҳастанд, ки телевизион ҳамчун воситаи муҳими таъсиррасонӣ ҳадаф, роҳнамо ва назоратгари афкори ҷамъият эътироф шудааст. Инсоният имрӯз зиндагиро бе мавҷудият телевизион – «оинаи ҷаҳоннамо» тасаввур карда наметавонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар замони соҳибистиқлолӣ шабакаҳои нави телевизионӣ —  «ТВ Сафина»,  «Баҳористон», «Варзиш», «Синамо», «Футбол» «Ҷаҳоннамо», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Илм ва табиат» ва «Шаҳнавоз»  таъсис ёфтанд.

Дар шабакаҳои телевизионии мамлакат имрӯз тамоми минтақаҳои сайёҳии мамлакат, дастовардҳои олимони тоҷик, пешравиҳои ҷавонони мамлакат дар соҳаҳои гуногун ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик тарғибу ташвиқ мегарданд, ки яке аз роҳҳои хуби муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли равон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба сохтору мақомоти дахлдор дастур доданд, ки доир ба таъсиси шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ (махсус барои кӯдакон) чораҷӯӣ намоянд.

Ҳадаф аз ин дастури Сарвари давлат забондон шудани насли наврасу ҷавон мебошад, зеро барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад.

Дар телевизион гузаштан ба техникаи нави рақамӣ тақозои давру замон аст, зеро имрӯз тамоми телевизионҳои ҷаҳон бо намуди навини техникӣ фаъолият менамоянд.

Яке аз дастовардҳои дигари соҳаи телевизион дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба пахши рақамӣ гузаштани он мебошад.  Бо ин мақсад таҷҳизоти марказии пахши барномаҳои телевизионӣ пурра иваз гардида, дигаргуниҳо дар системаи танзим ва пахши барномаҳо дар якҷоягӣ тавассути компютерҳо ба ҷо оварда мешаванд.

Бо тақозои замон телевизиони тоҷик ба техникаи нави рақамӣ гузашта, барномаҳо тавассути техникаи муосир танзим ва пахш карда мешаванд.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, телевизион аз дигар воситаҳои ахбори омма бо он фарқ менамоянд, ки дар матбуот воқеот, факту рақамҳо ва таҳлили мавзуъҳо рӯи қоғаз дарҷ мегардад ва хонанда онҳоро интихобан мехонад. Одамони маълумотнок дар ин маврид ба назар гирифта мешаванд, яъне онҳое, ки хонда метавонанд ва таъсиррасонӣ тавассути суратҳо хос аст. Дар телевизион воқеоти муҳим ҳамон рӯз ё баъди лаҳзаҳое, ки муддати чандон нагузаштааст, пешкаши тамошобинон мегардад. Телевизион ҳам ба узвҳои шунавоӣ таъсир мерасонад ва ҳам ба биноӣ, яъне дарки эҳсосоти якҷоя дида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 3 октябри соли 1959 бори аввал Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шуруъ намуда буд.      Агар дар он замон як телевизион фаъолият мекард, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат теъдоди телевизионҳои нав ба маротиб меафзояд.

Дар он вақт барномаи иттилоотии «Ахбор» аз 3 дақиқа иборат буд, дигар филмҳои кӯтоҳметражи ҳуҷҷатию тасвирӣ намоиш дода мешуданд.

Ҳоло телевизони Тоҷикистон 97 фоизи аҳолии ҷумҳуриро фаро мегирад ва барномаҳои онро тавассути моҳвораи LMI-1 сокинони мамлакатҳои Осиё ва Аврупо- аз Ҷопон то Фаронса ва як қисми Африқо метавонанд тамошо намоянд.

Дар таҳияи барномаҳои телевизион намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд, аз ҷумла, сармуҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррир, муҳаррири хурд, саркоргардон, коргардонҳои дараҷаҳои гуногун, ассистентони онҳо, ёварони коргардон, корсоз, наворбардорони дараҷаҳои гуногун, ассистентони онҳо, тасвирбардорон, садобардорон, пардозгарон, рӯшноидиҳандагон ва рассомон.

Телевизиони Тоҷикистон 97 фоизи аҳолии ҷумҳуриро фаро мегирад ва барномаҳои онро тавассути моҳвораи LMI-1 сокинони мамлакатҳои Осиё ва Аврупо ва як қисми Африқо метавонанд тамошо намоянд.

Тибқи иттилои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ба ҳолати 1 январи соли 2024 фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои шабакаҳои давлатии  Телевизиони Тоҷикистон  83,4%-ро ташкил медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2024 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид
Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад