ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон

Ноябрь 16, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар феҳристи шахсиятҳои варзидаи олам мақоми шоиста доранд. Сарвари давлати тоҷиконро ҳамчун чеҳраи сиёсии муваффақ дар ҷаҳон эътироф намудаанд. Зеро дар баробари хизматҳои шоён ба миллату давлати навини тоҷикон боз танзимгари ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ низ мебошанд. АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои сиёсатмадарони ҷаҳонро дар бораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди Президенти Тоҷикистон  далели он аст, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хуб барои бисёр халқҳои мамолики дигар аст!».

Собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш: «Тамоми кӯшишҳои ҳамарӯзаи Эмомалӣ Раҳмон барои суботи вазъи сиёсӣ ва ризоияти миллӣ дар дохили мамлакат намунаи ибрати давлатҳои дигар мебошад».

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин: «Таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александ Лукашенко: «Тоҷикистон ва Беларус дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ҳамеша шарик буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Муносибатҳои ин ду давлат имрӯз бомаром дар асоси ғояи баробарӣ, боварии якдигар ва дастгирии манфиатҳои якҷоя афзоиш меёбанд, ки дар он нақши бародари ман Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст».

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев: «Мо дар Узбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва роҳбари таҷрибадоре, ки худро саропо ба хизмати халқу мамлакаташ бахшидааст, мешиносем. Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои тоҷикон  дар бунёди давлатдорӣ ва сохти иҷтимоӣ ба дастовардҳои калон ноил гардид. Сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба таври назаррас боло рафта, нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ пайваста таҳким меёбад».

Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд: «Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори сатҳи  ҷаҳониро дод. Имрӯз Пешвои тоҷикони ҷаҳон  машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст».

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев: «Давоми солҳои рушди мустақилона Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон роҳи дигаргуниҳои муҳимро тай намуд ва дар бунёди давлатдорӣ, баланд бардоштани некуаҳволии халқ ва нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои бузург ба даст овард».

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев: «Сиёсатмадорро бо сифатҳое, чун хирадмандиву ҷасурӣ, ҳадафмандӣ ва аз ҳама муҳим, бо такя доштан ба дастгирии халқ мешиносанд. Вале боз омили дигари муҳим, ба андешаи ман, ин накӯӣ мебошад, ки дар чашмони Эмомалӣ Раҳмон равшан аст. Муҳаббат ба халқи хеш, майли беҳсозии некӯаҳволии онҳо, фаъолона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид намудани Тоҷикистон ва таъмини ҳаёти шоиставу арзанда барои мардуми он мақсаду мароми ӯ аст».

Собиқ Президенти Ҳиндустон Кочерил Нараянан: «Маро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон барои барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳои роҳбари халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самари нек хоҳанд овард».

Собиқ Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куанг: «Ветнам ҳамеша бо таваҷҷуҳ рӯйдодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирӣ намуда, бо хушнудӣ истиқбол мекунад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад».

Академик Евгений Примаков: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои зиёде аст, ки роҳбарии ҷумҳуриашро ба зимма дорад ва мамлакатро бо роҳи дуруст мебарад».

Шоири халқии Доғистон Расул Ҳамзатов: «Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист формулаи сулҳу ҷанги шаҳрвандиро ёбад».

Профессори Донишгоҳи ховаршиносии Панҷоби Покистон  Офтоби Асғар: «Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ интизор буд ва умед мекашид, ки аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки тамоми тоҷик-форс-даризабононро аз нав дар Шарқ муттаҳид намояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар Сарвари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст».

Шоир, достоннавис ва рӯзноманигор Масъуди Сипанд: «Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ин ҷо – Тоҷикистон, балки дар Амрикову Аврупо ва дар ҳама ҷо маҳбубият дорад ва дӯсташ медоранд. Дӯстони ман дар Амрико мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон  аҷаб мардест, ки тавонистааст пеши роҳи нодонӣ, нооромӣ ва бесуботиро бигирад ва ба мардумаш сулҳ оварад. Ин қадар донишгоҳ дар Тоҷикистон таъсис шуда ва ин имкон медиҳад, то афкори мардум пеш равад. Вақте фикри мардум боз мешавад, мамлакат дар ҳоли пешрафт қарор мегирад. Ҳазорон дуруд ва сипос ба ин абармарди таърихи Тоҷикистон!».

Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов: «Дар симои Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин шахси бузург бо зинда кардани номи алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ ва амонию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузург дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид