«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 5, 2024 17:38

ДУШАНБЕ, 05.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омили рушди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Нурулло Қурбонализода ҳозиринро аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия таҳният гуфта, иброз намуд, ки аҳамияти таърихии ин санади асосии меъёрию ҳуқуқӣ, ки сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст, ниҳоят бузург мебошад.

«Дар ин давраи начандон зиёди таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои баланди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид. Роҳи интихобкардаи Пешвои дурандешу заҳматпеша- эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи иродаи кулли мардум мебошад. Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи ин абармард дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комил таъмин гардид, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад»,- иброз гардид зимни ҳамоиш.

Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии мамлакат тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

30 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия бар онҳо асос ёфтааст, исбот гардид. Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионӣ аст, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст. Имрӯз сокинони мамлакати мо ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, Конститутсияи ҷавобгӯ ба орзуҳои мардумӣ доранд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.

Дар фарҷом барои болидахотирии сокинону меҳмонони пойтахт барномаи фарҳангии саршор аз тараннуми Ватану истиқлол пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 5, 2024 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад