Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ дониста, онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд
ДУШАНБЕ, 06.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии ӯро эътироф намуда, муқаррар намуда буд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳамчунин Конститутсия бартарии санадҳои байналмилалиро ба қонунгузории миллӣ муқаррар кард. Бо такя ба ин муқаррарот ва меъёрҳои дигари барномавӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ амалӣ гардида, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуданд. Чунин ибрози назар намуд судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Даврон Назарзода бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
— Дар ҷумҳурӣ фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси принсипҳои мутобиқат ба Конститутсия, қонуният, бартарияти меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, афзалияти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ мегардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар раванди амалигардонии сиёсати ҳуқуқии мамлакат барои гузаронидани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт, зеро мавҷудияти низоми мустақил ва беғарази судӣ яке аз шартҳои муҳими рушди демократия ва таҳкими афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Аз қабули Конститутсия то имрӯз барои таъмини сохтори судии мустақилу беғараз, таҳкими нақшу мавқеи суд, такмили фаъолияти он ва баланд бардоштани нуфузи ин рукни ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеа дастгириву талошҳои Сарвари мамлакатамон беназир мебошад. Самараи тадбирҷӯиҳои давлату Ҳукумат аст, ки имрӯз ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатии дорои механизми дар амал татбиқ гардидани кафолатҳои Конститутсия мебошад.
Бо назардошти нақши мақоми судӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Барои такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Бобати таҳкиму рушди ҳокимияти судӣ Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 зарурати гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро махсус таъкид намуданд. 23 июни соли 2007 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки он дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ, ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз — судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас дорад.
Дар идомаи он боз се Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд, ки бобати таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилот, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо корҳои назаррас ва барои ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судии мамлакат таъкид доштаанд, ки «фаъолияти судҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муҳимтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали нораво аст».
Мояи ифтихор аст, ки бо шарофати истиқлолият мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа торафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатиро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо таъмин менамояд ва баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад.
Даврон НАЗАРЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур
АКС: АМИТ «Ховар»








11 НОЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба ғанӣ гардидани буҷети хонавода мусоидат менамояд
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
ГИЁҲҲОИ ХУШККАРДАШУДА. Аз онҳо чӣ тавр истифода мебаранд ва ба организм чӣ манфиат доранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани чормағз барои мустаҳкам гардидани хотира кумак мерасонад
Чаро истеъмоли қурутро аксар одамон, бахусус кӯдакон дӯст медоранд?
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
Саҳми Президенти Тоҷикистон дар қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол беназир аст
Конститутсияи Тоҷикистон бо арзишҳои волои худ дар радифи конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад
Қобилҷон Хушвахтзода: «Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад»
Маҳкам Маҳмудзода: «Конститутсияи Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои арзёбии ҷаҳонӣ ба сафи конститутсияҳои беҳтарин шомил карда шудааст»
ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР. Куруши Кабир асоси пайдоиши конститутсияро дар ҷаҳон гузоштааст






