Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд

Ноябрь 4, 2024 17:02

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои давлатию ҷамъиятӣ ислоҳот гузаронида шудааст, ки яке аз онҳо ислоҳоти конститутсионӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ имкон дод, ки роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеа ва давлат муайян карда шавад. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти конститутсионӣ маҳз бо таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд, ки гардиши куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатии ҷумҳурӣ гардид. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Исфандиёр Саидзода, ки бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Дар зер матни пурраи мақолаи мазкур оварда мешавад.

— Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ дар марҳилаи муосири рушди худ қарор дорад, ки сарчашмаи асосии он Истиқлоли давлатӣ мебошад. Ин арзиши беназир роҳи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, дар амалӣ гаштани ормонҳои халқи тоҷик нақши таърихӣ гузоштааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30–солагии Истиқлоли давлатӣ иброз доштанд, ки: «Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо – шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт. Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд».

Муҳаққиқи ватанӣ, профессор Зариф Ализода дар алоқамандӣ бо муҳиммияти Конститутсия иброз намудааст, ки «ҷаҳони муосирро бе Конститутсия тасаввур кардан номумкин аст. Зеро ба воситаи Конститутсия мақсаду мароми ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ташкилу фаъолияти ҳокимияти давлатӣ (мақомоту сохторҳои он), иштироки халқ, шаҳрванд, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятӣ) дар идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муайян ва танзим мегардад. Конститутсия зербинои асосии низоми ҳуқуқии ҷомеа, суботу оромӣ, ризоияту ваҳдати ҷомеа, инчунин қонунияту тартибот, фаъолияти муътадил ва самараноки мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ мебошад».

Ба андешаи коршиносон, Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 принсипҳои нави ташкилӣ-ҳуқуқии соҳибихтиёрӣ ва оғози ташкили давлати муосири Тоҷикистонро замина гузошт, ки ва онро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян намуд.

Дар шароити муосир Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз унсурҳои асосии давлат буда, дар танзими муносибатҳои муҳимми давлатию ҷамъиятӣ нақши калидӣ дорад. Он маҳсули иродаи халқи Тоҷикистон буда, бунёди ҷомеа ва давлат аз ин санади олии олии ҳуқуқӣ ибтидо мегирад. Хусусияти муҳимми Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки он дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, сарчашмаи низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошад.

Таҷрибаи бунёди давлати Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки нақш ва саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории Тоҷикистон ба таври арзишманд арзёбӣ мегардад. Хидматҳо ва корнамоиҳои Пешвои миллат барои Ҷумҳурии Тоҷикистон беинтиҳо буда, ин абармарди таърих на танҳо аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон, балки аз тарафи ҷомеаи башарӣ мавриди эътироф қарор гирифтааст. Дар яке аз сарчашмаҳои илмии ватанӣ саҳми Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллии Тоҷикистон пажӯҳиш гардида, иброз шудааст, ки «воқеан, агар мо фаъолияти Сарвари давлатро дар тӯли солҳои сипаришуда аз рӯйи инсоф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, хоҳем дид, ки маҳз аз баракати роҳбарии дурусту сиёсати хирадмандонаи ин фарзанди фарзонаи миллат бино ниҳодани давлат, ба таври мушаххас муайян намудани тарзу усули давлатдорӣ, поягузории соҳаҳои ҳуқуқи муосир ва таъсиси дастгоҳи нави давлатии қодир ба хизмати мардум амалӣ гардид. Гузашта аз ин, маҳз дар ҳамин солҳо худшиносии миллӣ ва ташаккули афкори ватанхоҳиву ватанпарастӣ дар қалбҳои мардуми мамлакат ба таври густурада нуфуз пайдо кард ва устувор шуд. Ба ибораи дигар, раванди миллатсозӣ ва таъмини воқеии миллати тоҷик оғоз гардид.

Пешвои миллат дар таърихи навини халқи тоҷик дар саргаҳи ҷомеаи навини Тоҷикистон қарор дошта, дар рушду инкишоф ва мустаҳкамии пояҳои давлатдорӣ ва ҷомеа саҳми арзанда ва бузург доранд.

Дар ин замина, нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистон муҳим буда, ташаббускори таҳияи ин санади муҳимми ҷумҳурӣ маҳсуб мешаванд. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат ин санади тақдирсоз қабул гардида, он дар рушду устувории соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳо ва вазифҳои олии давлатӣ, ҳамзамон муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақш ва ҷойгоҳи хосаро ишғол намудааст.

Хотиррасон мешавем, ки Пешвои миллат пайваста аз мубрамӣ ва ҷойгоҳи хос доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, нақши онро дар бунёди давлат ва ҷомеаи муосир, ки ҷавобгӯ ба манфиатҳои тамоми халқи ҷумҳурӣ мебошанд, ниҳоят муҳим арзёбӣ менамоянд. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 иброз доштанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳуриро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои муайянро паси сар намудааст. Бевосита таҳти сарварӣ ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, амалӣ шуда истодааст.

Амалан таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Тавре муҳаққиқон меафзоянд «метавон ба итминони комил гуфт, ки иҷлосия ва асноди ҳуқуқии марбут ба он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Ин Иҷлосияи таърихӣ сабаб гашт, ки дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии ҷумҳурӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсаднок ва самароварро оғоз намояд».

Дар дигар маврид иброз гардидааст, ки «Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷик саҳифаи навро боз намуд. Дар бораи аҳамияти таърихии он бисёр навиштаанду менависанд ва хоҳанд навишт, зеро ин қадами аввалин барои наҷоти миллат ва давлатдорӣ буд ва бо гузашти айём, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, баланд шудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аҳаммияти он дучанд меафзояд».

Бояд иброз намуд, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳим ва бунёдӣ ҳал гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки минбаъд барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ва давлат мусоидати самаранок намуданд. Дар ин миён масъалаи таҳияи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон истисно набуда, иҷлосия заминаи асосии таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мегардад.

Гузашта аз ин, ёдовар бояд шуд, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, ки дар ин марҳила бо назардошти он, ки тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Қонуни асосӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ниҳоди президентӣ даст кашида шуд, ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардиданд, ки амалан функсияи роҳбарии давлатро иҷро мекарданд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи давлату миллат муайян ва ҳал мегардид. Мадуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтазири он буданд, ки Тоҷикистон чӣ гуна давлатро эҳё ва бунёд менамояд. Маҳз матонат ва иродаи ояндабинии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ин иҷлосия иброз намуданд: «Мақсади мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем».

Ин изҳороти қатъии Сарвари давлат боиси он гардид, ки низоми сиёсии мамлакат демократӣ эълон гардад ва давлати мо ҳамчун давлати мутамаддин ва ҳамқадам бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва шинохта шуда, дар дили мардуми мамлакат шуълаи умед бедор гардад ва халқ ба ояндаи Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва ободу пешрафта боварӣ ҳосил кунад ва ин изҳорот мардуми ҷумҳуриро дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид намуд.

Тавре гуфта шуд, яке аз масъалаҳое, ки дар доираи Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардид, ин таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки инъикосгари орзую ормони халқи бузурги Тоҷикистон бошад.

Яке аз муҳаққиқони ватанӣ иброз менамояд, ки «барои қабул намудани Конститутсия нақши Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бориз аст. Зеро, пас аз Иҷлосияи таърихӣ масъалаи таҳия, муҳокима ва қабули санади ишорашуда аз нав ба миён гузошта шуд. Метавон гуфт, ки Конститутсияи амалкунанда натиҷаи амалӣ гаштани қарорҳои Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ мебошад».

Махсусан, дар ин росто Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ирода ва азми қавӣ талош карда буданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардида, бунёд ва рушди давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ дар тарҳи нав амалӣ шавад. Бо назардошти зарурат ва муҳиммияти ҳарчи зудтар қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол Сарвари давлат чунин иброз доштанд: «Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта ба фаъолият шуруъ кард. Ва дере нагузашта маълум гашт, ки қолаби куҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест».

Бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд марҳилаи дуюми кори Комиссияи конститутсионӣ оид ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон ҷараён дошт ва бо вуҷуди кори он Пешвои миллат барои боз ҳам тақвият бахшидани раванди таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талошҳои худро ба роҳ монда буданд. Барои таъмини самаранокии фаъолияти комиссияи мазкур қарори Иҷлосияи XVII-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 1993 дар бораи тағйир додани ҳайати Комиссияи конститутсионӣ қабул гардида, ба ҳайси раиси он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд. Сарвари давлат аз давраҳои аввали ба сифати раиси Комиссияи конститутсионӣ оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон интихоб гардиданашон ҷиҳати ба зуддӣ таҳия намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани он дастурҳо ва супоришҳо доданд, ки ин қадами дигари устувор бобати таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои гуногун рӯйи кор омаданд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат аз ҷониби Комиссияи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешуданд. Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳсу мунозираҳо қарор гирифт, ин интихоби шакли идораи давлат буд. Оид ба ин масъала баҳсу мунозираҳои ошкорою доманадор қарор гирифта, байни гурӯҳи корӣ ду ақида мавҷуд буд. Як гурӯҳ тарафдори шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ, гурӯҳи дигар бошад, аз шакли идоракунии парламентӣ ҷонибдорӣ мекарданд. Маҳз ҳамин баҳсу мунозираҳо сабаб гардиданд, ки ба Комиссияи конститутсионӣ ду лоиҳаи Конститутсия, яке лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии парламентӣ ва дигаре лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентиро пешниҳод намоянд.

Сарвари давлат оид ба ин масъала чунин иброз намуданд: «Имрӯз дар атрофи масъалаи шаклҳои идораи давлатӣ… баҳсу мунозираҳои ниҳонию ошкоро доир мегарданд. Мехостам назари шахсии хешро ба масъалаи мазкур баён созам. Ҳоло бештар сухан дар бораи идораи президентӣ ва парлумонӣ меравад. Боварӣ дорам, ки тарафдорони ҳарду навъи идораи давлатӣ далелу андешаҳои раднопазир оварда метавонанд. Шахсан ман, ҷонибдори идораи мустақили президентӣ ҳастам. Танҳо як ҷиҳаташро таъкид мекунам, ки дар шароити давраи гузариш идораи мустақили президентӣ ба ҳалли бисёр масъалаҳои умда имконият медиҳад».

Ин андешаҳои асосноки Сарвари давлат боиси он гардид, ки Комиссияи конститутсионӣ оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентиро ҷонибдорӣ кард ва он аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардид. 30 соли сипаригашта дурустии ин пешниҳоди таърихии Сарвари давлатро собит намуд.

Масъалаи дигаре, ки ҳангоми баррасӣ ва таҳияи ин санади муҳим ба миён омад ва вобаста ба он ақидаҳои якранг мавҷуд набуданд, ин ба кадом тарз қабул намудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Роҷеъ ба ин масъала, як қисми аъзои Комиссияи конститутсионӣ тарафдори он буданд, ки Конститутсия аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад ва қисми дигар бошад, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул намудани онро пазироӣ мекарданд. Ҳамин тавр, маҳз бо истодагарӣ ва пофишориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала ҳалли ниҳоии худро пайдо намуд ва Конститутсия аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул карда шуд. Роҷеъ ба ин масъала Пешвои миллат чунин иброз намуда буданд: «Бо дарки воқеияти таърихи сиёсии ҷумҳурӣ ва аҳамияти Конститутсия дар таъмини суботу устувории ҳаёти ҷомеа мо ба хулосае омадем, ки лоиҳаи Конститутсияи нав ба муҳокимаи мардум бароварда шуда, он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Зеро мо аз таҷрибаи талхи ҷумҳурии худ медонистем, ки бо талаботу пофишории қувваҳо ва гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто дар як рӯз ба Конститутсия якчанд тағйирот ворид мекард, ки онҳо баъзан мухолифи ҳамдигар буданд. Аз ин ҷиҳат, ба назар гирифтани майлу иродаи мардум, ки дар райъпурсии умумихалқӣ изҳор карда мешавад, муҳим буда, итоат ба он барои тамоми неруҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди ҷомеа муқаддасу ҳатмӣ мегардад».

Ҳамин тариқ, 6 ноябри соли 1994 аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Дар ин хусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳим ва бузурги миллати соҳибтамаддуни мо мебошад. Маҳз тавассути ин санади тақдирсоз ва раҳнамо халқи мо тавонист ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти худ барояд».

Тавре маълум аст, Тоҷикистон дар марҳилаи муосири рушди худ ба низоми иқтисоди бозорӣ қадам ниҳодааст ва дар чунин шароит ташкили фазои дахлдори муносиб тақозо мегардад. Яке аз тағйироти ҷиддӣ дар низоми иқтисодии ҷӯмҳурӣ ин эътирофи моликияти хусусӣ ҳамчун унсури таркибии низоми мазкур мебошад. Таҷрибаи конститутсионии даврони шуравӣ шаҳодат медиҳад, ки чунин намуди моликият куллан рад гардида, ҳамчун падидаи бегона ва бар хилофи низоми шуравии ташкили ҷомеа ва давлат эътироф мегардид. Бинобар ҳамин, касби мустақилии сиёсӣ таҳаввули ҳамаҷонибаро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба миён оварда, ташкили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадафи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир муайян гардиданд. Дар қатори роҳандозии тадбирҳои самараноки ташкили чунин давлат ва ҷомеа, эътирофи моликияти хусусӣ ва таъмини заминаҳои ҳуқуқии он аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимтарин дар чунин шароит ба ҳисоб меравад. Мавриди гуфтан аст, ки дар эътирофнамоии моликияти хусусӣ ҳамчун падидаи муҳиммии низоми иқтисоди бозорӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мақом ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Махсусан, нақши Сарвари давлат дар таҷассуми конститутсионии падидаи моликияти хусусӣ муҳим буда, дар яке аз изҳороти худ қайд карда буданд: «… ман бо тамоми масъулият изҳор менамоям: мақсади мо ин аст, ки ҷамъияти граждании мутамаддинеро ташкил диҳем, ки ба муносибатҳои одилонаи иқтисоди бозоргонӣ асос ёфта, дар он ҳар яке аз шаклҳои моликият ҷой ва мақоми сазовор дошта бошад. Ҳамаи шаклҳои моликият боигарии миллӣ буда, дар роҳи рушду пешрафти ҷамъият хидмат мекунанд. Мо наметавонем, аз имконияти васеи моликияти хусусӣ истифода накунем…».

Изҳороти мазкур танзими конститутсионӣ-ҳуқуқии моликияти хусусиро таъмин намуд ва яке аз муҳимтарини заминаҳо дар ин самт ба шумор меравад.

Тавре гуфтаҳои боло тасдиқ менамоянд, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо ташаббус, заҳмату талош, истодагарию пофишориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, дар он масъалаҳои калидӣ – барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, зарурати ҳокимияти президентӣ, кафолати давлатии ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия, таҳкими Конститутсия бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳои саривақтӣ ба он, ташкил ва такмили низоми мақомоти давлатӣ ва таъмини фаъолияти самараноки он ифода ва амалӣ гардиданд.

Ҳамин тариқ, таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нави бунёд ва инкишофи давлат ва ҷомеаи Тоҷикистони муосир буда, таҳия ва қабули ин санади олии ҳуқуқӣ бо саъю талош ва азму иродаи қавии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамзамон нақш ва саҳми ин шахсияти таърихии халқи Тоҷикистон дар такмили меъёрҳои он бағоят бузург ҳисобида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 4, 2024 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон