Коршиносони Кореяи Ҷанубӣ бо истеҳсолот ва дарсҳои амалӣ дар корхонаи «Гулистони Душанбе» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 17.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи коршиносони Кореяи Ҷанубӣ дар доираи татбиқи «Лоиҳаи таъсиси Маркази таълимии технологияҳои нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон» байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва KOICA бо ҷараёни истеҳсолот ва баргузории дарсҳои амалӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» шинос шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологӣ хабар медиҳад, зимни шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсоли корхона коршиносон бо роҳбарият ва мутахассисони соҳаи дӯзандагӣ мулоқот намуданд.
Коршиносон инчунин ҷараёни баргузории дарси амалии филиали кафедраи дизайни либос ва санъати мӯди Донишгоҳи технологӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе»-ро назорат намуда, бо донишҷӯён суҳбат анҷом доданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






