ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» дастаи футболи «Хуҷанд»-ро мағлуб намуд

Ноябрь 21, 2024 09:49

ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бозии мавқуфмондаи даври 19-уми Лигаи олии Тоҷикистон   байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо дар марказии шаҳри Кӯлоб доир шуда, бо натиҷаи 3 бар 2 ба фоидаи дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳоло дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  бо 43 имтиёз дар зинаи дуюм буда, ҳама бозиҳоро дар мавсими имсола анҷом дод. Дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 2 бозии захиравӣ ҳоло 40 имтиёз дорад ва дар зинаи сеюм аст.

Дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ҳоло бозиҳои мавқуфмондаро ба муқобили дастаҳои  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  доир мекунад.

Ёдовар мешавем, ки  дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 50 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа буда, пеш аз муҳлат аллакай унвони чемпиониро соҳиб шуд. Барои дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ин сенздаҳумин медали тилло дар таърихи бошгоҳ аст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 21, 2024 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд