Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт

Ноябрь 3, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар маҷмуъ 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла 5 санади он дар ҳузури Сарони давлатҳо ва 4-тои дигар дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт:

— Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷи Давлати Кувайт;

— Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

— Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя”;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Давлати Кувайт “Kuna”;

— Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

— Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия;

— Барномаи иҷроияи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солхои 2024-2026.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 03.11.2024

Ноябрь 3, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон