МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд

Ноябрь 26, 2024 10:56

ДУШАНБЕ, 26.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гарм намудани хона аввал бояд бухории мувофиқ интихоб намуд. Инчунин талаботи ҳавокашии қубури дудбаро бояд ба инобат гирифта шавад. Ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хонаҳо бояд мунтазам иваз карда шуда, шабона ворид гаштани ҳавои тоза таъмин гардад. Чунин тавсия медиҳад мутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Таманно Файзуллозода.

Бештари инсонҳо ҳангоми истифодаи ангишт барои гарм кардани хонаҳо ба чунин қоидаҳои зарурӣ эътибор намедиҳанд:  сари вақт маҳкам кардани сарпӯши бухорӣ; нарасидани ҳавои кофӣ; кашиши сусти дудбаро; нодуруст шинонидани бухорӣ ва дудбарои он (тарқишҳо дар бухорӣ, баста шудани дудбаро). Бештари сокинони ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар сармо барои таъмини  гармӣ аз  бухорӣ истифода мебаранд. Бухорие, ки онҳо истифода мебаранд, барои сӯхтани ангишт мувофиқ нест. Аз ин рӯ барои сӯхтани ангишт бояд аз бухории махсус истифода намуд.

Агар дар дохили бухорӣ чанд дона ангишти носӯхта боқӣ монда бошад, хуб аст, ки онро аслан хомӯш кунанд ва ё мунтазир бимонанд, ки пурра бисӯзад. Дар бештар мавридҳо дар дохили бухориҳо шабона  маводи ҳанӯз носӯхта, ки манбаи асосии гази карбон аст, боқӣ мемонад. Он аксаран оҳиста-оҳиста ба тариқи дуд кардан месӯзад. Ҳамчунин дар ҳолати кашиши сусти дудбаро ва нарасидани ҳаво дуди даруни бухорӣ ба хона паҳн мешавад.

Бештари сокинон аз ангишт гулхан омода мекунанд. Гулханро танҳо дар ҳавои кушод бояд афрӯхт. Истифодаи оташи гулхан ё ангишти сӯхта дар хона қатъиян манъ аст, зеро то пурра сӯхта, хомӯш шудани ангишт аз дуди он карбон ҳосил шудан мегирад.

Ҳангоми сӯхтани ангишт гази оксиди карбон (СО), дуоксиди карбон (СО2), оксиди нитроген (NO2), оксиди сулфур (SO2), дуда ва дигар металлҳои вазнин, ки барои саломатии инсон хатарнок ҳастанд, ихроҷ мешаванд. Бӯй ва ранги ин газ ноаён буда, паҳншавиашро пай бурдан душвор аст. Тибқи таҳлилҳо, беҳушшавии инсон ҳангоми фаъолият дар муддати 1-2 соат ва дар ҳолати оромӣ дар муддати 3-6 соат ба вуҷуд меояд. Он чунин нишона дорад: бадшавии биноии чашми инсон; вайроншавии баъзе функсияҳои асаб (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво 2-5 фоиз); тағйирёбии фаъолияти дил ва шушҳо (ҳангоми аз 5 фоиз зиёд мавҷуд будани оксиди карбон дар таркиби ҳаво);  дарди сар, хоболудӣ, мушкилоти нафаскашӣ ва ба марг дучор кардан (ҳангоми 10-80 фоиз мавҷуд будани оксиди карбон дар таркиби ҳаво).

Ба иттилои табибон, инсон гази оксиди карбонро ба воситаи шуш нафас мекашад. Сипас он бо гемоглобин ба хуни инсон дохил шуда,  бофтаҳо ва дигар аъзои баданро заҳролуд месозад.

Таманно Файзуллозода иброз медорад, ки шахсе, ки бо ин газ заҳролуд шудааст, бояд фавран ба ҳавои кушод бароварда шуда, барои бартараф намудани оқибати таъсири он фавран ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат кардан зарур аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 26, 2024 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид
Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд