Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ назаррас аст

Ноябрь 2, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти сиёсӣ барои мардуми мо муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди замони муосир мебошад, ки онро рамзи ватандӯстӣ ва давлатдорӣ медонанд. Конститутсия шиносномаи давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва тамоми ҷабҳаҳои ҳаётро мустақилона пеш мебарад.

-Маълум аст, ки мафҳуми «истиқлолият» волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохили мамлакат ва озод будани он аз тобеият ба давлатҳои дигар мебошад. Конститутсия дар он ҳамчун қонуни асосӣ сарчашма ё заминаи бузург барои эҷоди қонунгузорӣ фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки ба рушди қонунгузории миллии мо Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина гузошт. Аҳамияти бузурги ин иҷлосия, пеш аз ҳама, иборат аз он буд, ки дар ҷумҳурӣ Ҳукумати конститутсионӣ барқарор гардид ва шахсияти арзандае Сарвари давлат интихоб шуд, ки рушду такомул, сулҳу ваҳдат ва пешрафти минбаъдаи мамлакат бо номашон вобаста аст.

Аввалин қонунҳои нав ба манфиати давлату миллат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси тасдиқи низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.

Маълум аст, ки 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Он асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро таҳким бахшид ва сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири Тоҷикистон гардид

Дар таърихи қонунэҷодкунии мамлакат бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду қонуне қабул карда шуд, ки сирф миллӣ буда, дар таҷрибаи давлатҳои дигар дида намешаванд. Инҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошанд. Ин ду қонуни миллӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ ба миён оварда, дар соҳаи қонунгузории ҳамсоямамлакатҳо амали бузурги иҷтимоию сиёсӣ ба ҳисоб мераванд.

Сабаби асосии қабули ин ду Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат буд, ки дар охири солҳои 90-уми асри ХХ аксар расму оин, урфу одат, суннатҳои ислом ва ғайра ба худнамоишдиҳӣ ва хароҷоти калон табдил ёфта, чун анъанаҳои нодаркор ба ҳаёти ҷомеа ворид гардида буданд. Ин қонунҳо дар ҳаёти ҷамъиятии замони соҳибистиқлолӣ барои дигаргуниҳои куллӣ шароити нав фароҳам оварда тавонистанд.

Пеш аз қабули қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки ҳадафи қабули қонун аз байн бурдан ва барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросими динӣ нест, балки раҳоии мардум аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ аст, чунки дар ҷомеа равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ибтидо ва вусъат гирифтаанд.

Хулоса, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории миллӣ ниҳоят калон аст, зеро ҳар қонун, барнома ва стратегияҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба имзо мерасанд, бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ қабул карда мешаванд.

Ҳамин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ вазъи қонунгузорӣ дучанд афзуда, қонунҳои зиёде: «Дар бораи маориф», «Дар бораи амният», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», боз ду стратегияи дигар дар бораи муқовимат ба терроризм ва экстремизм, «Дар бораи забони давлатӣ» ва ғайра қабул шуданд, ки мақсади асосии онҳо ба танзим даровардани вазъи ҷумҳурӣ ва некуаҳволии мардум мебошад.

Президенти Тоҷикистон ташаббускори асосии қонунгузории миллӣ буда, касбияти сиёсӣ ва эҳсоси бузурги ватанпарастиашон дар рушди минбаъдаи қонунгузории мамлакатамон заминаи созгор фароҳам меорад. Ҳамаи ин, албатта, мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон дар дохили ҷумҳурӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Тоҷиддин ИСОЗОДА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар,
номзади илмҳои сиёсӣ

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 2, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон
МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад