Намояндагони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии иттифоқҳои касабаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии меҳнат зери унвони «Шартномаи нави ҷамъиятӣ: Назари иттифоқҳои касабаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагори иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конфронс роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Молдова, Украина, Полша, Булғористон ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаи шартномаи нави ҷамъиятӣ ва назари иттифоқҳои касабаи Аврупо ва Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар конфронс вобаста ба аҳамияти муколамаи иҷтимоӣ дар фароҳам овардани шароите, ки ба шуғл ва меҳнати шоиста мусоидат мекунад, ибрози назар намуд.
«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории сеҷониба бо мақсади таъмини мувофиқати манфиатҳои коргарон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин ҳамкорӣ оид ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ бо роҳи бастани Созишномаи генералӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ доир мешавад, ки яке аз шаклҳои шарикии иҷтимоӣ мебошад»,-иброз дошт Маликшо Неъматзода.
Инчунин намояндагони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки то нуҳ моҳи соли 2024 шумораи умумии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилоте, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, 34 ҳазору 692 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 19 ҳазору 223 корхонаю муассиса ва ташкилот ҳуқуқи бастани шартномаҳои коллективӣ доранд. 17 656 шартномаи коллективӣ сабт шудааст, ки иҷрои он 91,8 фоиз мебошад.
Иброз шуд, ки санади муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи шарикии иҷтимоӣ Созишномаи генералӣ мебошад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи тасдиқи Созишномаи умумӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» қабул гардидааст, ки корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо дар доираи он фаъолият менамоянд.
Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Байналмилалии Меҳнат уҳдадор аст, ки стандартҳои байналмилалии меҳнат, аз ҷумла Конвенсия оид ба стандартҳои ҳадди ақалли меҳнат, Конвенсияи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва дигар санадҳои муҳими ин созмонро риоя намояд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари кории намояндагони Тоҷикистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Қудратилло Рафиқов ва Директори Ташкилоти байналмилалии меҳнат Мария Ҳелена Андре вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯриҳо масъалаҳои рушд додани ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.
АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон








Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






