Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба барқарорсозии муассир ва ҳамгироии бозгаштагон аз минтақаҳои ҷангзада иштирок намуд

Ноябрь 13, 2024 08:55

ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар чорабинии сатҳи баланд оид ба барқарорсозии муассир ва ҳамгироии бозгаштагон аз минтақаҳои ҷангзада иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сафорат.

Шараф Шерализода дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ доир ба талошҳо, таҷриба ва иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозӣ ва ҳамгироии бозгаштагон аз минтақаҳои ҷангзада сухан гуфт.

Дар ҷаласа муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди терроризм, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишварҳо, кормандони дипломатӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайридавлатӣ иштирок намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

 

Ноябрь 13, 2024 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд