Намояндаи Тоҷикистон дар аввалин конференсияи ҷаҳонӣ оид ба хотима додани зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар Богота иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 ноябр дар шаҳри Боготаи Ҷумҳурии Колумбия аввалин конференсияи ҷаҳонӣ оид ба хотима додани зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ намояндагони беш аз 130 давлати дунё иштирок намуданд.
Дар конференсия Дилрабо Мансурӣ баргузории ин конференсияи байналмилалиро қадами қатъӣ дар роҳи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар ҷомеа унвон намуд. Дар идома дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи кӯдак муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи кӯдакон ва дастрасии онҳо ба таълиму тарбия ва ҳифзи саломатӣ иқдоми неку шоистаро амалӣ менамояд.


Дастовардҳои Тоҷикистон ҳамчун ташаббуси муштараки ҷаҳонӣ оид ба манъи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон эътироф шуда, ҷумҳурӣ ба қатори шасту шаш давлати дунё, ки истифодаи зӯроварии ҷисмониро дар сатҳи қонунгузорӣ манъ намудаанд, ворид гардид.
Дилрабо Мансурӣ дар ҳошияи конференсия ҳамчунин якчанд мулоқоти сатҳи баланд бо намояндагони сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мамлакатҳо анҷом дод.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад






