Намояндаи Тоҷикистон дар аввалин конференсияи ҷаҳонӣ оид ба хотима додани зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар Богота иштирок намуд

Ноябрь 9, 2024 09:50

ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 ноябр дар шаҳри Боготаи Ҷумҳурии Колумбия  аввалин конференсияи ҷаҳонӣ оид ба хотима додани зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар  ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ намояндагони беш аз 130 давлати дунё иштирок намуданд.

Дар конференсия Дилрабо Мансурӣ баргузории ин конференсияи байналмилалиро қадами қатъӣ дар роҳи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар ҷомеа унвон намуд. Дар идома дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи кӯдак муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ  барои  ҳифзи кӯдакон ва дастрасии онҳо ба таълиму тарбия ва ҳифзи саломатӣ  иқдоми неку шоистаро амалӣ менамояд.

Дастовардҳои Тоҷикистон ҳамчун ташаббуси муштараки ҷаҳонӣ оид ба манъи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон эътироф шуда, ҷумҳурӣ ба  қатори шасту шаш давлати дунё, ки истифодаи зӯроварии ҷисмониро дар сатҳи қонунгузорӣ манъ намудаанд, ворид гардид.

Дилрабо Мансурӣ дар ҳошияи конференсия ҳамчунин якчанд мулоқоти сатҳи баланд бо намояндагони сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва   дигар мамлакатҳо анҷом дод.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 9, 2024 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд