Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Ноябрь 28, 2024 15:45

ДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Конференсияи байналмилалӣ ба табодули методика ва таҷрибаи беҳтарини давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин ба вуҷуд овардани шарикии нав барои таҳкими ҳамкории бисёрҷониба, таҳияи тавсияҳо оид ба тақвияти ҳамкории бисёрҷониба барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои хатарзо равона гардидааст.

Дар конференсия иброз гардид, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва амсоли инҳо аз самтҳои аввалиндараҷаи тарбияи насли ҷавон ба шумор рафта, омӯзгорон ва падару модарон, собиқадорону фаъолон бояд насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.

Изҳор гардид, ки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳамроҳшавии ноболиғон ва ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ вазифаи дастҷамъонаи тамоми шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб хиёнат ба оила ва Ватан – Модар мебошад. Чунки ин омилҳои номатлуб ба рушди минбаъдаи давлат халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии мамлакат таҳдид менамоянд.


Маҳз бо ин мақсад дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, ки он дар шароити муташанниҷи авзои ҷаҳонӣ, масъалаҳои ҷаҳонишавӣ ва геосиёсӣ, мавҷудияти хатарҳо ва таҳдидҳои замони муосир, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон, ҳифзи  Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Ҳамзамон иштирокдорони конференсия дар  ҷаласаҳои панелӣ дар мавзуъҳои «Нақши сохторҳои кор бо ҷавонон дар пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои хатарзо», «Нақши иттилоот дар таъмини амнияти миллӣ» ва «Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии тамоюли ҷавонон ба равияҳои радикалӣ» ибрози назар намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 28, 2024 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд