Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Конференсияи байналмилалӣ ба табодули методика ва таҷрибаи беҳтарини давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин ба вуҷуд овардани шарикии нав барои таҳкими ҳамкории бисёрҷониба, таҳияи тавсияҳо оид ба тақвияти ҳамкории бисёрҷониба барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои хатарзо равона гардидааст.
Дар конференсия иброз гардид, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва амсоли инҳо аз самтҳои аввалиндараҷаи тарбияи насли ҷавон ба шумор рафта, омӯзгорон ва падару модарон, собиқадорону фаъолон бояд насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.
Изҳор гардид, ки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳамроҳшавии ноболиғон ва ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ вазифаи дастҷамъонаи тамоми шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб хиёнат ба оила ва Ватан – Модар мебошад. Чунки ин омилҳои номатлуб ба рушди минбаъдаи давлат халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии мамлакат таҳдид менамоянд.



Маҳз бо ин мақсад дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, ки он дар шароити муташанниҷи авзои ҷаҳонӣ, масъалаҳои ҷаҳонишавӣ ва геосиёсӣ, мавҷудияти хатарҳо ва таҳдидҳои замони муосир, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Ҳамзамон иштирокдорони конференсия дар ҷаласаҳои панелӣ дар мавзуъҳои «Нақши сохторҳои кор бо ҷавонон дар пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои хатарзо», «Нақши иттилоот дар таъмини амнияти миллӣ» ва «Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии тамоюли ҷавонон ба равияҳои радикалӣ» ибрози назар намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд






