Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон барои дарёфти ҷоизаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 400 варзишгар аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок ва барои сазовор шудан ба мақомҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат намуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов бо иштироки варзишгарони беҳтарини тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 10 соат идома кард. Рақобатҳо аз рӯи 7 вазн байни писарон ва се вазн байни духтарон доир шуда, беҳтаринҳо ғалаба ба даст оварданд.
Қувваозмоиҳо дар вазнҳои 60кг, 65кг, 71кг, 78кг, 86кг, 95кг ва беш аз 95 кг ҷараён гирифта, беҳтарин паҳлавонони тоҷик дар ин вазнҳо муайян гардиданд. Ҳамзамон қувваозмоиҳо байни духтарон дар се вазн: 52, 63 ва 78 кг баргузор шуданд.
40 паҳлавони муваффақи мамлакат ба дарёфти зинаҳои ифтихорӣ мушарраф шуда, барои иштирок дар мусобиқаи дуюми байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки даҳаи аввали моҳи декабр дар вилояти Суғд доир мешавад, роҳхат гирифтанд. Духтарони ғолиб низ бо туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ гардиданд.
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Саидмуъмин Раҳимов
Байни мардон
Вазни 60 кг
1. Азизов Рамзиддин
2. Идибеки Амиршо
3. Мирзошоев Фарорум
3. Абдураҳимов Абдусаттор
Вазни 65 кг
1. Мелибойзода Фирӯз
2. Бобокалонов Ёсин
3. Каримов Муслимбек
3. Қаюмзода Абумуслим
Вазни 71 кг
1. Раҷабов Муҳаммадисо
2. Куганов Хурсандқул
3. Абдушукуров Сарвар
3. Суфиев Баҳром
Вазни 78 кг
1. Наҷмиддинов Маҳмадшариф
2. Каримзод Наврӯз
3. Шукронов Қоим
3. Акрамзода Шаҳриёр
Вазни 86 кг
1. Назаров Ҳақназар
2. Фарҳодов Раҳматуллобек
3. Раҷабов Ҳамроз
3. Иброни Бегиҷон
Вазни 95 кг
1. Раҳимов Исроил
2. Нуриддинзода Ворис
3. Раҳимов Улуғбек
3. Олимшоев Зафар
Вазни + 95 кг
1. Мирмаҳмадов Шакармамад
2. Некбахзода Некрӯз
3. Бобохонов Бахтовар
3. Камолов Эмом
Байни духтарон
Вазни 52 кг
1. Аҳлия Муъминова
2. Насиба Карликова
3. Рӯзафсун Бекназарова
3. Шарофат Гадоева
Вазни 63 кг
1. Ҷонона Назарова
2. Фазилат Гулбоева
3. Меҳрона Абдуллоева
3. Шамсия Ҳусейнова
Вазни 78 кг
1. Шоҳида Қаландарова
2. Оминаи Хайрулло
3. Шаҳноза Муродова
3. Гулафзо Гулова








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






