Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд

Ноябрь 19, 2024 14:03

ДУШАНБЕ, 19.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон барои дарёфти ҷоизаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 400 варзишгар аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок ва барои сазовор шудан ба  мақомҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат намуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов бо иштироки варзишгарони беҳтарини тамоми шаҳру ноҳияҳои  мамлакат   беш аз 10 соат идома кард. Рақобатҳо аз рӯи 7 вазн байни писарон ва се вазн  байни духтарон доир шуда, беҳтаринҳо ғалаба ба даст оварданд.

Қувваозмоиҳо дар вазнҳои 60кг, 65кг, 71кг, 78кг, 86кг, 95кг  ва беш аз 95 кг ҷараён гирифта, беҳтарин паҳлавонони тоҷик дар ин вазнҳо муайян гардиданд. Ҳамзамон қувваозмоиҳо  байни  духтарон дар се вазн: 52, 63 ва 78 кг баргузор шуданд.

40 паҳлавони муваффақи мамлакат ба дарёфти зинаҳои ифтихорӣ мушарраф шуда, барои иштирок дар мусобиқаи дуюми байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки даҳаи аввали моҳи декабр дар вилояти Суғд доир мешавад, роҳхат гирифтанд. Духтарони ғолиб низ бо туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Саидмуъмин Раҳимов

Байни мардон

Вазни 60 кг

1. Азизов Рамзиддин
2. Идибеки Амиршо
3. Мирзошоев Фарорум
3. Абдураҳимов Абдусаттор

Вазни 65 кг

1. Мелибойзода Фирӯз
2. Бобокалонов Ёсин
3. Каримов Муслимбек
3. Қаюмзода Абумуслим

Вазни 71 кг

1. Раҷабов Муҳаммадисо
2. Куганов Хурсандқул
3. Абдушукуров Сарвар
3. Суфиев Баҳром

Вазни 78 кг

1. Наҷмиддинов Маҳмадшариф
2. Каримзод Наврӯз
3. Шукронов Қоим
3. Акрамзода Шаҳриёр

Вазни 86 кг

1. Назаров Ҳақназар
2. Фарҳодов Раҳматуллобек
3. Раҷабов Ҳамроз
3. Иброни Бегиҷон

Вазни 95 кг

1. Раҳимов Исроил
2. Нуриддинзода Ворис
3. Раҳимов Улуғбек
3. Олимшоев Зафар

Вазни + 95 кг

1. Мирмаҳмадов Шакармамад
2. Некбахзода Некрӯз
3. Бобохонов Бахтовар
3. Камолов Эмом

Байни духтарон

Вазни 52 кг

1. Аҳлия Муъминова
2. Насиба Карликова
3. Рӯзафсун Бекназарова
3. Шарофат Гадоева

Вазни 63 кг

1. Ҷонона Назарова
2. Фазилат Гулбоева
3. Меҳрона Абдуллоева
3. Шамсия Ҳусейнова

Вазни 78 кг

1. Шоҳида Қаландарова
2. Оминаи Хайрулло
3. Шаҳноза Муродова
3. Гулафзо Гулова

Ноябрь 19, 2024 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид