Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд

Ноябрь 21, 2024 17:07

ДУШАНБЕ, 21.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

​         Ин озмунҳо дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ аввалин бор дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Дар озмунҳо беш аз 3000 хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуда, 95 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. 18 нафари онҳо ғолиби даври ниҳоии озмун дониста шуданд.

Озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсия» таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ, таъмини реҷаи қонуният, назм ва тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун доир шуд.

Озмуни шаҳрии «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем»  байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз рӯи се номинатсия – «Расми беҳтарин», «Иншои беҳтарин» ва «Мақолаи беҳтарин» гузаронида шуд.

Баргузории чунин озмунҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳми арзишманд гузошта, барои таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демократӣ нақши мондагор мегузорад.

Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11), муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбӣ) ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.

Донишҳои ҳуқуқии иштирокдорони озмун аз рӯйи хондан ва донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи гирифтани имтиҳонҳои тестӣ ва саволу ҷавоб муайян гардид.

​         Ба ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Диплом ва туҳфаҳои хотирмон тақдим шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Ноябрь 21, 2024 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд