ПАЙВАНДИ ИЛМ ВА АМАЛ. Дар Шаҳринав вобаста ба кишти донаку тухмии дарахтон машварат доир гардид

Ноябрь 10, 2024 14:40

ШАҲРИНАВ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии «Тоҷикниҳолпарвар» дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар мавзуи «Кишти донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, дарахтони нодир ва омода намудани қаламчаҳо» машварати амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар»   Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, меҳмонон ва аъзои хоҷагиҳои ниҳолпарвар зимни машварати амалӣ бо таҷрибаи  ниҳолпарварӣ ва технологияи парваришу нигоҳубини дарахтони ситрусӣ, бахусус дарахти лимӯ дар хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Аҳмад шинос шуданд. Дар ин хоҷагӣ зиёда аз 400 бех дарахти лимӯ дар гармхонаҳо парвариш гардида,  дар айни замон аксар ниҳолҳои он ҳосили фаровон доранд.

Меҳмонон ҳамзамон бо технологияи омода намудани мавиз аз ангури хоҷагӣ шинос шуданд. Дар майдони 4 гектар замини  хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Аҳмад навъҳои гуногуни ангур  парвариш карда мешаванд. Соли равон боғҳои ангури хоҷагӣ ҳосили фаровон доштанд,  ки ҷамъоварӣ шуда, қисми зиёди он дар анборҳои махсуси сардхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Иштирокчиёни машварат дар Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ба номи Мирзо Турсунзода ҳамчунин бо намоиши дастовардҳои хоҷагӣ, мевагиҳо ва ниҳолу тухми донакҳои дарахтон  шинос шуданд. Зимни машварат муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, директори корхонаи «Тоҷикниҳолпарвар» Қурбон Зуҳурзода ва профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  Сайдалӣ Гулов доир ба кишти донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, дарахтони нодир ва омода намудани қаламчаҳо сухан гуфтанд.

Омӯзгорону олимони Академияи илмҳои кишоварзии  Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба иштирокчиён  технологияи омода намудани қитъаи замин, шинонидани донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, дарахтони нодир ва тарзи дуруст омода намудани қаламчаҳо барои шинонидан, инчунин роҳу усулҳои гузаронидани кишти донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, дарахтони нодир ва омода намудани қаламчаҳоро дар амал нишон доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Ноябрь 10, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд