ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд

Ноябрь 22, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Миҷгона Бобоҷонзода иброз намуд, ки «парчам рамзи бахту саодат, сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Парчами давлатии Тоҷикистон аз рӯзи қабул дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлат арҷ мегузоранд».

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзанда дошта, ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор меравад. Воқеан, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хос дорад.

Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи ягонагии давлат ва миллат мебошад. Дар зери парчам кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҳимояи марзу бум, якпорчагӣ, таъмини ҳаёти осоишта ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон содиқона савганд ёд мекунанд. Чунин амалҳо воситаи муҳими тарбияи насли наврас дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватану  касби хеш ва ифтихор аз рамзҳои давлатӣ мебошад.

Парчами давлатӣ чун рамзи муқаддаси миллӣ моро ҳамеша ба сӯи ягонагию ваҳдат, сулҳу субот ва расидан ба дастовардҳои нав роҳнамоӣ мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе