Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Ноябрь 10, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон, аз ҷумла занону кӯдакон бар асари ҳамлаи террористи интиҳорӣ дар шаҳри Кветтаи он кишвар ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам  Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Мо ин амалкарди ваҳшиёнаи неруҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем. Ҳамдардиву таслияти амиқи инҷонибро ба Шумо, аҳли наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва мардуми дӯсти Покистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳем».

Ноябрь 10, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд