Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андозро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 9, 2024 10:04

ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Иншоот, ки аз 2 ошёна ва таҳхона иборат аст, барои фароҳам овардани шароити арзанда ба кормандони нозироти андоз дар масоҳати умумии 1 ҳазору 230 садяк замин сохта шудааст.

Бинои нав дорои 14 ҳуҷраи корӣ, 3 ҳуҷраи техникӣ ва як толори маҷлисӣ бо 65 ҷои нишаст мебошад.

Дар бино терминали хизматрасонӣ, шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ҷой дода шудааст.

Ҳамчунин дар ин ҷо барои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» нуқтаи махсус ташкил шудааст.

Ошёнаи дуюм дорои ҳуҷраҳои гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии шахсони ҳуқуқӣ, бахши ситонидани қарзи андозҳо ва 3 ҳуҷраи дигари корӣ мебошад.

Бинои нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайян сохта шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки дар бинои нави нозироти андози ноҳия барои фаъолияти 25 нафар корманд шароити зарурии корӣ фароҳам оварда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои тозабунёд таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагони ноҳия, ки шумораашон 57 ҳазор аст, ҷалб намуда, таъкид намуданд, ки бо мардум ҳамкорӣ ва муомилаи хуб дошта бошанд.
Ифтитоҳи бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 09.11.2024

Ноябрь 9, 2024 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия