Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, мавриди истифода қарор доданд.
Зимни шиносоӣ бо ин маркази бисёрфунксионалӣ аён гардид, ки он дорои биною иншооти сершумори таълимию машқӣ, аз ҷумла машқҳои низомии тирандозӣ аз навъҳои гуногуни аслиҳа, машқҳои мухталифи зиддитеррористиву варзишӣ ва шароити муосир барои обутоби руҳию равонӣ ва ҷисмонии ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсус буда, бо истифода аз техникаю таҷҳизот ва технологияҳои навтарини мувофиқ ба талаботи замон муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар ин маркази таълимии муосир, ки дар мавзеи бисёр зебои табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз қарор гирифтааст, тамоми шароити зарурии маишӣ ҳам муҳайё гардидааст, аз ҷумла хобгоҳҳои муҷаҳҳаз, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ҳаммому хушкашӯӣ, ошхонаҳои барҳаво ва хонаҳои истиқоматӣ барои афсарон ва аҳли оилаи онҳо мавҷуд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити беҳтарини таълимию машқӣ ва маишию фароғатии дар ин маркази таълимӣ муҳайёшуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати фармондеҳии воҳидҳои таъиноти махсуси он барои истифодаи пурсамар аз ин пойгоҳу заминаи воқеан муосири омодагашта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ин пойгоҳ бо чунин техникаю таҷҳизот ва ҳама шароити мусоид имкон медиҳад, ки ҳайати шахсии таъиноти махсус ҳамаҷониба ва бо сифати аъло омода карда шаванд, аз ҷумла бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонию минтақавӣ дар амалиётҳои ҷангӣ ва махсусе, ки дар гӯшаю канори гуногуни олам имрӯзҳо ҷараён дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди роҳбарият ва ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъкид доштанд, ки вазъи басо мураккаб ва зуд-зуд тағйирёбандаву пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯз аз ҳар як шаҳрванди кишвар, ба хусус кормандону хизматчиёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ омодагии ҳамаҷонибаи низомию махсус, далерию шуҷоат, ҳисси баланди ватандӯстию садоқат ва фидокориҳоро талаб менамояд.
Боздиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо расми гузашти ҳайати шахсии он аз назди Пешвои миллат ва қадамзании зебою мутантани онҳо ҳусни анҷом ёфт.









Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон






