«ПРЕЗИДЕНТИ МО-ҒАМХОРИ МО». Дар Душанбе озмуни шаҳрӣ баргузор мегардад

Ноябрь 9, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 09.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон (16 ноябр) Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи илму ҳунар байни мактаб-интернатҳо барои хонандагони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе таҳти унвони «Президенти мо — ғамхори мо» озмуни шаҳрӣ эълон менамояд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Дар озмун хонандагони мактаб-интернатҳо ва дигар гурӯҳҳои имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе, ки қобилияти раққосӣ, расмкашӣ, бозии шашка ва шоҳмот доранд, метавонанд иштирок намоянд.

Озмун дар як давр баргузор гардида, ғолибон дар Рӯзи Президенти Тоҷикистон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

 

Ноябрь 9, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд