ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст

Ноябрь 15, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябри соли 2024 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани cоли 2025, ки аз ҷониби Тоҷикистон амалӣ ва мизбонӣ мешавад, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин чорабиниро дар раванди татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қадами муҳим шумурда, таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии он пешгирӣ аз обшавии минбаъдаи пиряхҳо ва нигоҳ доштани низомҳои экологии онҳо мебошад.

Зери таъсири тағйирёбии иқлим пиряхҳо, ки ба таври умум 75 фоизи захираҳои асосии оби тоза ба ҳисоб мераванд, босуръат коҳиш меёбанд. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин масъалаи муҳимми глобалӣ амалҳои фаврӣ ва дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур мебошанд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки маҳз бо назардошти муҳиммияти ин масъала қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо ибтикори Тоҷикистон ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардид. Дар заминаи ин қатънома ҳамчунин Хазинаи эътимодноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо зери парастории Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст.

Тоҷикистон дар асоси ин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе аввалин Конфронси байналмилалиро дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо доир менамояд.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади андешидани тадбирҳои фаврии амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо давлатҳои дорои захираи пиряхҳо ва кишварҳои соҳилӣ бояд ҳамкории бисёрҷониба ва табодули таҷрибаю донишро байни ҳам густариш диҳанд. Ин амал метавонад дар раванди мубориза бо норасоии об ва болоравии сатҳи баҳр нақши муассир дошта бошад. Дар баробари ин, ҷалби захираҳои молиявии ҷаҳонӣ ба ин мақсад, аз ҷумла ба Хазинаи махсуси ҳифзи пиряхҳо амри муҳим мебошад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар тамоми суханрониҳояшон, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза ҷалб намуда, пайваста аз равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор медиҳанд.

Имрӯз масъалаи тағйирёбии иқлим воқеан на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ ва дар натиҷа ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо- ин ҳама нишонаҳои тағйир ёфтани иқлими сайёра мебошанд. Ҳоло ин мушкилӣ ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз доштанд, ки «солҳои охир офатҳои табиӣ дар баробари хушксолиҳои пайдарпай ба соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмуъ ба иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ хисороти зиёд ворид менамоянд. Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор мебошад, бинобар мунтазам рух додани офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир аст. Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар расонида, мутаассифона, дар бисёр мавридҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ мегарданд».

Бояд гуфт, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст. Ин дар ҳоле аст, ки бориш ва пиряхҳои Тоҷикистон то 60 фоизи манбаи ташаккули захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳо аст, ба мушкилиҳои марбут ба об пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Тоҷикистон мавзуъҳои вобаста ба захираҳои об, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо, инчунин ҳифзи пиряхҳоро авлавияти сиёсати давлатии худ муайян кардааст.

Президенти Тоҷикистон дар тамоми суханрониҳояшон доир ба  масъалаҳои  обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла афзоиши тӯфонҳо  изҳори нигаронӣ менамоянд.

Яке аз офатҳои табиие, ки дар муқоиса бо дигар офатҳо зарари зиёд расонида, шумораи бештари одамонро ҳалок менамояд, сунами мебошад. Тавре 13 ноябри соли 2024 АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Ахбори СММ» хабар додааст, дар асри гузашта дар сайёра 58 сунами (мавҷҳои  азими  фалокатовари  уқёнус,  ки  дар  натиҷаи  зилзилаҳои  сахти  зериобӣ,  фаъолияти  вулқонҳои  зериобӣ  ё  вулқонҳои  чазираҳо  пайдо  мешаванд) рух додаанд. Бар асари онҳо бештар аз 260 000 нафар  ҳалок шудаанд. Ба ҳисоби миёна, ҳар яке аз ин офатҳои табиӣ 4600 нафарро ба ҳалокат расонидаанд, ки нисбат ба дигар офатҳои табиӣ бештар аст. Аз ҳама марговартарин сунами моҳи декабри соли 2004 дар уқёнуси Ҳинд ба амал омада буд, ки бар асари он дар 14 кишвари ҷаҳон 227 000 нафар ҳалок гардид. Давлатҳое, ки ба онҳо аз ҳама бештар зарар расида буд, Индонезия, Шри-Ланка, Ҳиндустон ва Таиланд буданд.

“Ин офат метавонад марговар бошад, аммо набояд чунин бошад. Низомҳои огоҳкунии бармаҳал ва чораҳои саривақтӣ воситаи муассири ҳифзи аҳолӣ аз зарари ин офат мебошанд”,- таъкид мекунад Созмони Милали Муттаҳид.

Сунами силсилаи мавҷҳои ҷозибаи баҳрӣ мебошад, ки дар натиҷаи халалдоршавии миқёси калон дар оби баҳр ба вуҷуд меоянд.

Дар аксар маврид сунамиҳо дар натиҷаи заминҷунбӣ ба амал меоянд. Ҳодисаҳои дигаре, ки сунамиро ба вуҷуд меоранд, фавворазании вулқонҳо дар наздикӣ ё дар дохили уқёнус, ҳаракати таҳшинҳои зериобӣ, ярчҳои соҳилӣ, ки сангҳоро дар об ба ҷунбиш меоранд ё таркишҳои азим дар уқёнус мебошанд, ки дар натиҷаи фаъолияти инсон ё афтиши метеорит ба вуҷуд омадаанд.

Аксар вақт сунами ҳамчун девори амудии оби пурталотум ба соҳил мебарояд, ки ин метавонад хеле харобиовар бошад.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ соли 2022 маъракаи #Get To Ground оғоз кард, ки ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи хатари сунами мебошад. Ин маърака шаҳрвандонро ташвиқ мекунад, ки дар чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла сайру гашт дар масирҳои тахлияи  сунами барои беҳтар омода кардани одамон ба офатҳои табиӣ иштирок кунанд.

Яке аз сабабҳои тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардидааст, гармои шадид дар саросари ҷаҳон ва эҳтимоли баландшавии ҳарорат дар кураи Замин мебошад.

Воқеан, тавре ки Президенти Тоҷикистон 17 августи соли 2024 зимни суханронӣ дар ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор» иброз намуданд, «раванди тағйирёбии иқлим имрӯз нишони он аст, ки эҳтимол дар чанд соли оянда вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордӣ гардем».

Воқеан, ин пешгӯии Президенти Тоҷикистон низ тасдиқи худро ёфт.

Тавре 14 ноябр АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» хабар додааст, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) дар Боку (12 ноябри соли 2024) дар мавриди тағйирёбии иқлим изҳори назар намуда, гуфтааст, ки соли оянда, яъне соли 2025 метавонад гармтарин сол дар таърихи инсоният гардад.

«Соли 2024 нишон дод, ки офатҳои иқлимӣ ҳодисаи маъмулӣ гардидаанд. Соли оянда шояд гармтарин сол дар таърих шавад. Дар баъзе давлатҳо ҳарорати ҳавое муқаррар шудааст, ки аз ҳадди тобоварии инсон зиёдтар мебошад. Ва мо дар саросари ҷаҳон шоҳиди боронҳо ва тӯфонҳои рекордӣ, сӯхтор ва хушксолиҳои марговар будем», -иброз намудааст роҳбари созмони ҷаҳонӣ.

Антониу Гутерриш ба он ишора намуд, ки ҳоло, дар давраи офатҳои иқлимӣ, низомҳои огоҳсозии пешакӣ ва муҳофизаткунанда аз гармои шадид ба омили зарурӣ табдил ёфтаанд.

«Ҳама кор бояд фавран, пеш аз фаро расидани мавҷи навбатии гармӣ анҷом дода шавад. Тақрибан нисфи давлатҳои ҷаҳон бо низомҳои огоҳкунии пешакӣ оид ба хатарҳои гуногун фаро гирифта нашудаанд. Аксаран маълумоти асосӣ барои сохтани ин низомҳо дастрас нест. Ба ҳисоби миёна, кишварҳои сусттараққикарда ва давлатҳои хурди рӯ ба тараққӣ камтар аз 10 фоизи маълумотеро доранд, ки барои таъсиси низомҳои босамари огоҳкунанда зарур мебошанд. Мо бояд ба таври фаврӣ амал намоем»,- илова намуд Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид.

Антониу Гутерриш ҳамзамон таъкид намуд, ки барои ин дастгирии сатҳи баланди сиёсӣ дар дохили давлатҳо, ҳамчунин густариш додани ҳамкорӣ ва афзоиши дастгирии фаннӣ зарур мебошад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, тобистони соли 2024 дар саросари ҷаҳон садҳо миллион нафар ба гармои шадид дучор шуданд. «Моҳи июли соли 2024 давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳо моҳи аз ҳама гармтарин буд», — иттилоъ додааст Созмони ҷаҳонии метеорологӣ бо истинод ба маълумоти Раёсати миллии таҳқиқоти уқёнусӣ ва фазоии ИМА.

Гармои тӯлонӣ ва шадид бори дигар зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба пайомадҳои он таъкид мекунад. Ба таъкиди коршиносони экологӣ, «танҳо мутобиқшавӣ ба иқлим кофӣ нест. Мо бояд сабаби аслии онро пайдо ва нисбат ба коҳиш додани сатҳи рекордии партовҳои газҳои гулхонаӣ муносибати ҷиддӣ кунем».

Маҳз ташаббусҳои ҷаҳонӣ ба манфиати инсоният, ғамхорӣ нисбат ба одамоне, ки аз оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашанд ва дигар амалҳои хайри Сарвари давлати Тоҷикистон буд, ки баъди анҷоми суханронии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон (12 ноябри соли 2024) дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани cоли 2025, ки аз ҷониби Тоҷикистон амалӣ ва мизбонӣ мешавад, сарони давлатҳо, сарвазирон, коршиносони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини Тоҷикистон барои баргузорию мизбонии ин чорабинии муҳим ва ҳам барои талошҳои муассири ҷаҳонӣ дар роҳи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Ноябрь 15, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид