Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ дар шаҳри Риёз иштирок намуданд

Ноябрь 11, 2024 18:17

ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар  Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби Арабистони Саудӣ барои ҳусни пазироӣ ва сатҳи баланди барпо кардани ин ҳамоиш изҳори сипос карданд.

Сарвари давлати мо баргузории онро барои баррасии вазъ дар Фаластин ва Лубнон иқдоми саривақтӣ ва муҳим шумурданд.

“Шиддат гирифтани задухурдҳои мусаллаҳона ва тамоюли тавсеаи майдони онҳо, инчунин печидатар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа боиси нигаронии амиқи мо гардидааст”-изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки бо гузашти зиёда аз як сол аз оғози задухурдҳои мусаллаҳона дар минтақаи Ғаззаи Фаластин ҳама гуна талошҳо дар роҳи эҷоди мусолиҳа миёни ҷонибҳои даргир бенатиҷа боқӣ мондаанд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “мо бори дигар аз тарафҳои даргир даъват менамоем, ки ҳамаи ихтилофотро танҳо аз роҳҳои гуфтушунид ва тавассути абзорҳои дипломатӣ бо истинод ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милал ҳал намоянд”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тақвияти нақши ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ҳар гуна талошҳои дигари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Исломӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақа ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ин зимн аз ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват карда шуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз як ҷанги доманадор дар минтақаи Ховари Миёна дар рӯҳияи ҳамбастагӣ ва ҳусни эътимоду созандагӣ иқдомҳои бештар муассир андешанд.

Гуфта шуд, ки ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин имконпазир мебошад.

“Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад”-иброз доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Президенти кишвари мо, ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд.

Дар ин замина, дастгирӣ аз саъю кӯшишҳои минбаъда барои аз нав оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳалли қазия муҳим арзёбӣ гардид.

Зарур шумурда шуд, ки дар марҳалаи кунунӣ кишварҳои аъзои Созмон дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона барои расонидани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои муассир андешанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба қадри имкон дар ин кор саҳм гирифтааст ва дар оянда низ ҳисса хоҳад гузошт.

Президенти кишвари мо бори дигар аз пешниҳоди Тоҷикистон дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус дар бораи эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки дорои ҳадафи сулҳофарӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар ҷаҳон мебошад, ёдовар шуданд.

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯза ба раванди мусбати ҳалли қазияи Фаластин мусоидат хоҳад кард.
Иштирок дар Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ дар шаҳри Риёз 11.11.2024

Ноябрь 11, 2024 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд