Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба анҷом мерасанд

Ноябрь 14, 2024 16:57

ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 11 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт оғоз гардида, то 14 ноябр идома ёфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

13 ноябр дар толори бошукуҳи Маҷмааи фарҳангии Шайх Ҷобир ал-Аҳмад Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт баргузор шуданд.

Дар барномаи фарҳангӣ ҳунармандони тоҷик оҳангу сурудҳои миллӣ, аз қабили шашмақом, фалак ва сурудҳои халқиро  иҷро намуданд. Инчунин аз ҷониби  Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода рақсҳои тоҷикӣ муаррифӣ гардиданд.

Ҳамзамон дар барномаи консертӣ намоиши либосҳои миллӣ, ки маҳсули кори тарроҳони тоҷик мебошад, баргузор шуд.


Дар ин рӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аксу мусаввараҳо ва дастовардҳои мероси таърихӣ доир гардид.

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири иттилоот, фарҳанг ва вазири давлатӣ оид ба ҷавонони Давлати Кувайт Абдураҳмон ал-Мутайрӣ ва инчунин бо Дабири кулли Шурои миллии фарҳанг, санъат ва адабиёти Давлати Кувайт Муҳаммад ал-Ҷассор вохӯрӣ намуд.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  сафари расмӣ  ба Давлати Кувайт (3-5 ноябри соли 2024) барои боз ҳам тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак ва алалхусус ҳамкории фарҳангӣ  баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба анҷом мерасанд.

 АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Ноябрь 14, 2024 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад