Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси якуми солонаи аъзои Платформаи минтақавӣ дар Остона иштирок намуд

Ноябрь 1, 2024 15:13

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 — 31 октябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси якуми солонаи аъзои Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директори ин мақомот иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ин агентӣ хабар доданд.

Дар конфронс роҳбарон ва масъулони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштрок намуда, дар бораи таҷрибаи кишварҳояшон дар муқовимат ба коррупсия ва тадбирҳои андешида дар ин самт ибрози андеша намуданд.

Инчунин дар ҷараёни конфронс масъалаҳои фаъолияти Платформа дар соли 2024 ва чораҳои барои соли 2025 банақшагирифта, инчунин густариши фаъолият ва самтҳои он барои солҳои оянда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳадафи ташкили конфронс аз афзоиши тадбирҳо, табодули таҷрибаи пешқадам дар самти мубориза бо коррупсия ва андешидани тадбирҳои амалии зарурӣ барои татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия иборат мебошад.

Конфронс дар сатҳи баланди байналмилалӣ доир гардид. Дар анҷом изҳори умедворӣ карда шуд, ки натиҷаҳои он ба таҳкими тадбирҳои муштараки мубориза бо коррупсия дар сатҳи минтақавӣ ва мустаҳкам кардани ҳамкорӣ дар ин самт таъсири мусбат мерасонанд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 1, 2024 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд