Рустам Ятимов дар бозиҳои охирини дастаи футболи «Ростов»-и Русия соҳиби ду ҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рустам Ятимов дар бозии даври 14-уми Премйер-Лигаи Русия ба муқобили дастаи футболи «Динамо»-и Москва беҳтарин бозигар дониста шуд. Ин вохӯрӣ чанд рӯз пеш дар варзишгоҳи «ВТБ-Арена»-и шаҳри Москва баргузор шуда, бо ҳисоби мусовӣ- 1:1 анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дарвозабони шинохтаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов дар 2 бозии охир дар ҳайати дастаи футболи «Ростов»-и Русия маҳорати баланд нишон дод.
Бояд гуфт, ки ғолиби ҷоизаи «Беҳтарин бозингари дидор» пас аз ҳар бозии Премйер-Лигаи Русия аз ҷониби лига ва шабакаи телевизионии «Матч Премйер» якҷоя интихоб карда мешавад.
Ҳамчунин Рустам Ятимов беҳтарин бозингари вохӯрӣ аз ҳайати дастаи футболи «Ростов» ба муқобили дастаи «Спартак» дар бозии аввали даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Русия эътироф гардид.
Дар ин бозӣ Рустам Ятимов зарбаи пеналтиро баргардонид ва Муҳаммад Муҳибӣ голи ғалабаоварро барои дастаи футболи «Ростов» ба нишон расонид. Бозии ҷавобӣ байни ин дастаҳо 27 ноябр доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябр Рустам Ятимов аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба дастаи «Ростов» гузашт.
Рустам Ятимов аз тобистони соли 2018 дар ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ менамуд ва дар ин муддат бо ин даста чемпиони бисёркаратаи мамлакат, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми Тоҷикистон шуд.
Рустам Ятимов дар якҷоягӣ бо даста ба марҳилаи 1/8-финали Лигаи чемпионҳои КФО-2021 роҳхат гирифт. Ҳамчунин ӯ дарвозабони асосии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2023 дониста шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






